Санаи 27 декабри соли 2025 бо ташаббуси факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ семинари илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Мақсади асосии баргузор намудани семинари мазкур пеш аз ҳама омӯзиш, таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин муайян намудани нақш ва аҳамияти он дар рушди устувори давлатдорӣ, такмили низоми идоракунии давлатӣ ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеа ба ҳисоб мерафт.
Дар ҷараёни семинар масъалаҳои калидии Паём, аз ҷумла самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ислоҳоти соҳаи идоракунии давлатӣ, волоияти қонун ва таҳкими ниҳодҳои ҳуқуқӣ мавриди таҳлили илмӣ қарор дода шуданд. Иштирокчиён бо маърузаҳо ва баромадҳои таҳлилӣ баромад намуда, андеша ва хулосаҳои илмии худро вобаста ба мазмуну муҳтавои Паём иброз доштанд.
Семинари мазкур дар фазои созанда ва илмӣ баргузор гардида, ба рушди тафаккури таҳлилӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии иштирокчиён, инчунин татбиқи амалии ғояҳои Паём дар фаъолияти таълимӣ ва илмӣ мусоидат намуд.


