МУЖДА ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ, ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАР

     25-уми декабри соли 2025, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ ҳимояи муваффақонаи диссертатсияи омӯзгори кафедраи физика ва географияи донишгоҳ Салимзода Фатҳиддин Файзиддин дар мавзуи “Расму анъанаҳо ва бозиҳои мардумӣ дар ноҳияи Данғара (солҳои 1924-2024)”, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.07 – Мардумшиносӣ, этнология ва антропология баргузор гардид.

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳои беназирро таманно дорад.