ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ

Дар паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқ ва тарбияи ҳуқуқӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардидааст.

Дар Паём омадааст, ки “Нақши қонунгузорӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар ва таъмин намудани рушди устувори босуръати амнияти ҷомеа ва давлат, таҳкими суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ басо муҳим ба шумор меравад”.

Дар ҳақиқат агар дар ҷомеа сулҳу субот ваҳдату якдигарфаҳмӣ риояи қонун ва тартибот, маърифати ҳуқуқӣ пойдор набошад, ман фикр мекунам ки ин боиси халалдор гаштани вазъи сиёсиву иқтисодӣ мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки ки 12-уми декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» қабул гардид, ки ин ташаббуси байналмилалӣ обрую нуфузи кишвари моро боз ҳам баланд бардошт.

Бинобар ин, мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ масъул ва вазифадор ҳастем, ки баҳри пешгирӣ намудани ҳамагуна қонуншиканиҳо, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон, ҷорӣ намудани тартибот дар иншоотҳои кориамон масъулияти дучанд дошта бошем.

Мо аз Паёми навбатии Пешвои миллат илҳоми тоза гирифта, ҳамеша баҳри ҳимояву ҳифзи ҳуқуқи кормандону донишҷӯён ва дигар шаҳрвандоне, ки ба донишгоҳ ворид мешаванд, чораҳои интизомиро вусъати тоза мебахшем.

Дар Паём омадааст, ки мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии онҳо дар шароити ноорому бӯҳрони ҷаҳони муосир мебошад.

Аз ин лиҳоз, мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносонро мебояд, ки дар ин ҷода ба ҷавонону донишҷӯён корҳои тарғиботиро вусъат бахшида, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ боз ҳам қадами ҷиддитар гузорем. Зеро вазъи геополитикии ҷаҳон торафт мураккабтар гардида, масъулияти ҳар яки моро баҳри ҳимояи сулҳу субот ва оромии кишвар дучанд мегардонад.

Назарзода Соҳиб – ҳуқуқшиноси Донишгоҳи давлатии Данғара