16 декабри соли 2025 дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон боз як санаи фархундаву ҷилодоре сабт гардид. Дар ин рӯз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар” манзур гардид.
Акнун Паёми Роҳбари давлат ба мақоми олии қонунгузори мамлакат на танҳо як падидаи ҳуқуқи конститутсионӣ балки ба мактаби сиёсӣ ва илмӣ-таҳлилие табдил ёфтааст, ки дар он метавон дирӯз, имрӯз ва фардои дурахшони давлатдории муосири миллии тоҷикон – Тоҷикистони азизро дарёфт.
Мардуми соадатманди Тоҷикистон бо эҳсоси гарму самимӣ, ҳамасола ироаи Паёми Сарвари давлатро интизори кашида, аз нукоти ҷавҳардори он меболанду рӯҳия наву тавонбахш мегиранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нутқи аввалини хешро бо қаноатманди аз он, ки соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ маҳсуб гардид, ибтидо бахшиданд.
Дар қатори аз ҳама рӯйдодҳои муҳими таърихӣ ин дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданди интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2025, имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ва ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва ба имзо расидани Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо махсус зикр дошта шуд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастоварди муҳими таърихӣ, ки ташаббускори асоси онҳо Тоҷикистон буда, ба ин васила мақоми Ватани азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам шоиса муаррифӣ гардид бо ифтихороти олӣ ёдовар шуданд:
1. Дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера»;
2. Бо ташаббуси Тоҷикистон қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ;
3. Қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ»;
4. Ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж.
Дар воқеъ, ҷонибдорӣ аз ин ташаббусҳои Тоҷикистон, ки баҳри ҳифзу ҳимояи тамаддуни ҷаҳонӣ, муҳити зист, таҳкими сулҳи сартосарӣ ва ташаккули маърифати ҳуқуқӣ равона гардидааст, эътимоду эътироф сатҳи олии ҷомеаи ҷаҳониро нисбат ба Ватани азизамон нишон медиҳад.
Дар баробари ин нуктаҳо баррасии масъалаи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва муваффақиятҳо дар ин самт аз паҳлулҳои ниҳоят муҳиму мубрами Паёми Роҳбари давлат маҳсуб мегардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки “Бо андешидани тадбирҳои амалӣ тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.”
Маҳз натиҷаи чунин барномарезиҳои сиёсати дурбинона ва муваффақонаи Сарвари давлат буд, ки ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллии мо ҳар сол ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз афзоиш ёфта, барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Аҳолии кишвар аз 8,5 миллион нафари соли 2015 ба 10,7 миллион нафар дар соли 2025 расид, яъне 26 фоиз зиёд гардид ва нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ аз 70 ба 77 сол расида, сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфт ва даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025, яъне беш аз шаш баробар афзоиш ёфт.
Ҳамаи натиҷаҳои болозик, аз он мужда медиҳанд, ки амалисозии саривақтӣ ва сифатноки Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 баҳри иҷрои Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад.
Ба таъкиди Роҳбари давлат дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад.
Шоистаи зикр аст, ки дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зарурӣ дар самти таъмин намудани рушди босуботи мамлакат ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2021-ум 65 фоиз ё 20 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи Паём таъкид доштанд, ки “Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям”.
Сарвари давлат дастгирӣ ва таваҷҷӯҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро “сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат” унвон карданд, ки боиси ифтихору сарфарозии мо кормандону соҳаҳои илму маорифӣ кишвар мебошад.
Дар асл ба ҳар яки мо маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад.
Дар ҳошияи ҳамаи ин таваҷҷӯҳ ғамхориҳои рӯзафзун Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд.
Зеро, ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Сарвари давлат бо таҳлили рушди бемайлони соҳаҳои давлатдорӣ ва ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2026 соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон карда шавад, ки пайке аз дурахши ахтари бахту иқболи миллат дар фазои Ватани маҳбубамон мебошад.
Таҳлилҳои муфассал ва вазифагузориҳои мушаххасе, ки Роҳбари давлат зимни ироаи Паёми навбати ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, дар асл барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати ҳама он имконияту иқтидорҳои мавҷуда хеле қиммат ва бузургу таърихӣ буда, роҳнамои имрӯзу ояндаи дурахони мамлакати азизамон мебошад.
Мо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олӣ ва сиёсии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷонибдорӣ ва онро дар амал татбиқ намуда, баҳри шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон талош хоҳем кард.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара,
доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ


