ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

      16 декабри соли 2025 дар бинои нави Парлумони Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ироа гардид.

   Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара баргузории Паёмро тариқи оинаи нилгун тамошо намуданд.