АДАБИЁТУ ФАРҲАНГИ ВАТАНӢ ВА ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ

    12 декабри соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Данғара семинари адабӣ-маърифатӣ таҳти унвони “Адабиёту фарҳанги ватанӣ ва ҳуввияти миллӣ” бо иштироки раиси ноҳияи Данғара – Саломзода Сиҷоуддин, адиб, нависанда ва рӯзноманигор – Ҳафиз Раҳмон, сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара – Иброҳимзода Иброҳим, сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳияи Данғара – Ибодуллозода Искандар бо ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ баргузор гардид.

   Дар оғоз Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара меҳмононро хайрамақдам гуфта, аҳли раёсатро ба иштирокчиён муаррифӣ намуд.

    Ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар бораи тадбирҳои амалии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар раванди татбиқи босамари сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

   Сипас адиб, нависанда ва рӯзноманигор – Ҳафиз Раҳмон оид ба адабиёту фарҳанги ватанӣ ва ҳуввияти миллӣ, нақш ва аҳамияти китобу китобхонӣ, арҷгузорӣ ба унсурҳои фарҳанги миллӣ чун рукни асосии пойдории давлатҳои мутамаддин дар асри чолишҳои геополитикӣ, нақш ва аҳамияти Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар эҳёи офаридаҳои ғании адабиёти ниёгон ва маърифати шаҳрвандон бахусус насли наврасу ҷавон маърӯза намуданд.

   Ҳамзамон зикр дошт, ки имсол Раҳимов Анушервон Қиёмиддинович – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара аз номинатсияи адабиёти классики тоҷик сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардид, ки ин боиси хушнудифу фараҳ мебошад.

   Раиси ноҳияи Данғара – Саломзода Сиҷоуддин зимни баромади хеш аз ғамхориҳои доимии Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи илму маориф ёдовар шуда, зикр доштанд, ки имрӯз дар доираи сиёсати муваффақонаи Роҳбари давлат мавқеи ҷавонон дар ҷомеа ба маротиб баланд гардида, ҷалби бештари онҳо ба корҳои ҷамъиятиву идоракунӣ саҳми ин қишри фаъоли ҷамъиятро дар пешрафту ободии мамлакат бештар намуд.

   Ҷавонони мо бо нерӯи бузургу ояндасози худ на танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳсили илм намудистоданд, қисме аз онҳо дар соҳаҳои гуногуни идоракунии давлатӣ ба сифати мутахассисони ҷавону кордон фаъолият намуда, чун пайравони асили Пешвои муаззами миллат саҳми худро дар пешрафти Ватани азизамон гузоштаистодаанд, ки мояи ифтихор аст.

  Аз ин лиҳоз, донишҷӯёнро мебояд, аз кирдорҳои ношоиста, ҷинояту ҷинояткорӣ ва оворагардӣ худдорӣ намуда, бо истифода аз шароити муосири фароҳамгардида касбу илм омӯзанд ва дар қатори дигар ҷавонони саодатманди Ватан баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, хоки муқаддаси Ватан ва гулгуншукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд.

   Иброҳимзода Иброҳим – сардори шуъбаи ВКД дар ноҳияи Данғара дар маърузаи худ вобаста ба дастовардҳои таърихии халқи тоҷик, худшиносию худогоҳи миллии ҷавонон, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, аҳамияти Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ дар пойдории давлати миллӣ изҳори ақида намуд.

   Ибодуллозода Искандар – сардори шуъбаи КДАМ ҶТ дар ноҳияи Данғара оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир, ҷиноятҳои киберӣ, фарҳанги истифодабари воситаҳои интернетӣ, садоқат ба халқу ватан ва иҷрои рисолати шаҳрвандӣ, роҳ ва усулҳои муосири муқовимат ба терроризм ва экстремизм, фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ дар фазои маҷозӣ, меъёрҳои қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва террористӣ суханронӣ намуд.

Дар интиҳои чорабинӣ аз ҷониби ҳунармандони Театри ноҳияи Данғара саҳнаи тарбиявӣ-маърифатӣ пешкаши иштирокчиён карда шуд.