(дар ҳошияи таҷлили 31-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон)
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 10 декабри соли 1994 дар анҷумани муассисонаш дар ш.Душанбе ташкил шудааст. 15 декабри соли 1994 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон номнавис гардида, сохтори нашриётиаш рӯзномаи «Минбари халқ» ба ҳисоб меравад. Роҳбари ҳизби мазкур аз 18 апрели соли 1998 ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардидааст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин Оиннома ва Барномаи худ амал мекунад. Дар Оинномаи ҲХДТ мақсад, вазифаҳо ва усули асосии фаъолияти ҳизб, сохтори ташкилӣ ва демократияи дохилии ҳизбӣ, вазъи ҳуқуқӣ, амвол ва қатъи фаъолияти ҳизб хеле рушану возеҳ ифода ёфтааст.
Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ аз мақсадҳои стратегӣ ва принсипҳои асосии фаъолияти ҲХДТ дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт иборат мебошад. Тавассути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ ин ҳизб бо дарки масъулияту қудрати зеҳнии аъзоёнаш дар ташкили сохтори нави давлатӣ саҳми арзанда мегузорад. Бо ин маъно, ҲХДТ чун зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон худро ҳизби масъулияти таърихидошта медонад. Дар масъалаи таҳкими давлатӣ, ҳимояи Ватан, манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли, таъмини манфиатҳои муҳим ва ҳаётан муҳим дар ҷомеа то имрӯз нақши босазое гузошта, барои ба танзим даровардани расму русум, афзоиши шиддати вазъи демографӣ ва аз бунбасти иқтисодӣ баровардани кишварамон кӯшишу талошҳои зиёде менамояд.
Мақсади асосии ҲХДТ пеш аз ҳама, бунёди давлати демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона буда, ҳадафи асосиаш таъмини рушди устувори иқтисодиёт ва мустаҳкам намудани пояҳои давлати миллӣ мебошад. Яке аз вазифаҳои асосии ҲХДТ ин дар сатҳи сиёсати давлатӣ бардоштани ифтихори миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ба шумор меравад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки имсол аз таъсисёбии он 31 сол пур мешавад, ҳамчун ҳизби таҷассумгар ва ҳомии манфиатҳои тамоми мардуми Тоҷикистон дар давраи муборизаҳои сиёсӣ, бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, ғоявӣ, маънавӣ ба арсаи сиёсат ворид гардид.
ҲХДТ чун зодаи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тавонист дар ин марҳила дар ҷомеа нуфузу мавқеъ ва ҷонибдорони худро пайдо намояд. Ҳизби мо муқаддастарин ва олитарин ормонҳои давлатдорӣ ва бо фаъолияти самараовари хеш дар ҳама ҷанбаҳои ҷомеа ва ба ҳизбе мубаддал гашт, ки онро метавон ба куллӣ ҳизби мардумӣ номид.
Боиси ифтихор аст, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара Ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”-и ҲХДТ фаъолият намуда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо ва барномаҳои ҳизбии ҲХДТ саҳмгузор аст ва тамоми чораҳоро меандешад, то дар тарғиби ҳадафу мақсадҳои ҳизбии ҲХДТ дар оянда низ саҳмгузор бошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шуруъ намуда, аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устуворию пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосии он ваҳдату ягонагӣ ва таъмини ояндаи неки кишвар аст. Имрӯз аъзои ҳизбро ғояи умумӣ ва вазифаҳои бузурге, ки ҳалли онҳо танҳо ба манфиати ҷомеа аст, муттаҳид менамояд.
Боиси ифтихор ва сарфарозии мо, ҳизбиён аст, ки тайи 31 соли созандагӣ бо дастгириҳои хастанопазири Раиси муаззами ҳазб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани шароити корӣ барои кормандони ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроия бо тамоми шароити замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон, бо автомобилҳои хизматӣ таъмин гардидаанд.
Тавре Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иброз медоранд: “Ин ҳизби сиёсӣ аз иҷрои вазифаи таърихӣ сарбаландона баромада, ҳоло маҳз ба шарофати неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ давлати мо бомаром рушд карда истодааст, раванди бунёдкориву ободонӣ пайгирона идома дорад”.
Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар зарфи 31 соли пурнишоту таъсиргузор мо ба ҷомеаи нави мутамаддин расидем. Агар ба таърихи ташаккулёбӣ ва густариш пайдо кардани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷомеа назар афканем, бармалост, ки давраи ташаккулёбии ҳизб маҳз ба фаъолияти роҳбарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд.
Таърихи навини давлати соҳибистиқлоламон гувоҳи он аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи ниҳоят мураккаби таърихӣ бо мақсади ҳифзи манфиатҳои миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва таъмини якпорчагии мамлакат ташкил ёфта, дар як муддати кӯтоҳ тавонист ба як ташкилоти бонуфузи сиёсӣ, такягоҳи боэътимод, ҳизби ормонҳои миллӣ ва дорои сохтори муназзаму мураттаби ташкилӣ табдил ёбад. Ҳизб бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазоворро доро мебошад.
Пайваста дар миёни мардум будан яке аз вазифаҳои муҳим ва калидии ҳизб дар шароити имрӯза мебошад. Мо бояд аз мушкилоту ниёзҳои мардум ҳамеша огоҳ бошем, ба ҳалли саривақтии онҳо мусоидат намоем, ташаббусҳои созандаи мардумро дастгирӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳимоя намоем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” садоқати худро ба арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ эълон дошта, барои тараққиёти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ мегардонад.
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид қайд карданд, ки: “Робитаи қавӣ доштан бо халқ ва ифодакунандаи армонҳои бисёрсолаи он будан ҷавҳари асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил дода, садоқат ба он ва дар ин роҳ соҳибиродаву бомасъулият будан асоси мувафаққиятҳо ва эътимоди мардум ба он мебошад”.
Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақш ва мақоми ҳизб дар ҷомеаи кунунӣ баҳои баланд дода, таъкид доштанд: “Сабаби аслии воқеии обрӯю эътибор ва нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар дигар ҷо бояд ҷӯст. Ин нуфӯз ва маҳбубият дар умқи ҷомеаи Тоҷикистон реша давондааст. Вай манфиат ва хостаҳои аксари сокинони кишварро ифода мекунад. Барои ҳамин, одамон тақдирашонро ба ин ҳизб мепайванданд, аз он ҷонибдорӣ мекунанд”.
Ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”-и ҲХДТ дар ноҳияи Данғара фаъолияти хешро тибқи Оинномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатии ӯ аз 28.12.2024 ва дигар барномаҳои пешниҳодгардида, ба роҳ монда, дар муддати солҳои 2024-2025 як қатор корҳои неку назаррасро ба сомон расониданд. Тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «Ман дар назди халқ барои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти бузургро эҳсос мекунам ва аз ҳар узви ҳизб эҳсоси чунин масъулиятро талаб менамоям». Ҳамчунин, Ҷаноби олӣ зикр намудаанд, ки: “Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омада будан, ба қадри истиқлолият ва осудагиву ваҳдат расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки танҳо ба туфайли онҳо мо метавонем давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд кунем”.
Ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”-и ҲХДТ дар ДДД дар давоми соли 2025 дар ҳамбастагӣ бо раёсат, садорати факултетҳо як қатор чорабиниҳои ҷашниро ба монанди ҷашни Сада, 32 солагии таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз, 80 солагии Ғалаба бар фашизм, 28 солагии Ваҳдати миллӣ, Рӯзи дониш, рӯзи китоб, 34 солагии Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Рӯдакӣ, зодрӯзи Мавлоно Балхӣ, 31 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ, 33 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ҷашнҳои Меҳргон, Фалак ва 31 солагии таъсисёбии ҲХДТ ва дигар ҷашнҳоро бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил намуданд.
Ҳамин тариқ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун як ҳизби созанда ва бунёдкор дар бедор намудани хотираи таърихии миллат ва рушду инкишофи манфиатҳои ҳаётан мӯҳим бояд тамоми имкониятҳои худро истифода намуда, аз мавқеъ ва нуфузи сарвари ҲХДТ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар арсаи байналмиллалӣ эътирофи калон дорад, истифода намоянд. Ин як имконияти бузурги таърихиест, ки барои пешрафти миллату кишвари мо бояд мавриди истифода қарор ёбад.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Хайрзода Ш.Қ. – профессор, Раиси ташкилоти ибтидоии “Нури истиқлол”-и ҲХДТ дар ноҳияи Данғара


