ТАКМИЛИ НИЗОМИ АТТЕСТАТСИЯИ КОРМАНДОНИ ИЛМИИ ТАХАССУСИ ОЛӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

(семинар – машварати илмӣ)

     Санаи 9-уми декабри соли 2025 бо ташаббуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара дар толори Шурои олимон семинар-машварати илмӣ таҳти унвони “Низоми аттестатсияи кормандони илмии тахассуси олӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” ташкил карда шуд.

     Дар кори семинари мазкур Маъруфӣ Расул – саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Олимзода Раҳмонали Амонали – муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара, Шарифзода Бахтиёр – мудири шуъбаи коргузорӣ ва назорати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Мастонаи Сайдализода – мудири шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Шоҳмуродова Зарина – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, бойторӣ ва аграрии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон; Ҷаъфарӣ Амиршо – сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони самти корҳои илми Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, раис, котибот ва аъзои Шурои диссертасионии 6D.KOA-088-и назди Донишгоҳи давлатии Данғара, мудирони шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, мудирони табъу нашр ва котибони илмии муассисаҳои болозикр ширкат намуданд.

     Нахуст Маъруфӣ Расул – саркотиби илмии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба аттестатсияи кормандони илми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баромад намуда, масъалаи фаъолияти шуроҳҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои тақризшавандаи муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаро мавриди баррасӣ қарор дод. Гуфта шуд, ки низоми аттестатсионии кормандони илмӣ бояд ба таври ҷиддӣ, шафоф ва беғаразона баррасӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани илми тоҷик саҳмгузор бошад.

    Сипас, ҳисоботи раиси Шурои диссертасионии 6D.KOA-088-и назди Донишгоҳи давлатии Данғара доктори илмҳои филологӣ, профессор Саидҷаъфаров Озод оид ба фаъолияти шуро шунида шуда, аз ҷониби кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қаноатбахш ҳисобида шуд.

    Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷиҳати баррасии парвандаҳои унвонҷӯён аз ҷониби котибот, аъзо ва раиси шуроҳҳои диссертасионӣ ба масъалаи хатогиҳои имлоию маъноӣ ва техникӣ диққати ҷиддӣ дода шуда, тақризҳои муқарризони расмӣ, муассисаҳои пеҳбар ва роҳбарони илмии унвонҷӯён тибқи талаботҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шаванд.

    Илова карда шуд, ки тамоми шуроҳои диссертатсионӣ уҳдадор мебошад, ки то санаи 15-уми декабри соли 2025 дархости хешро ҷиҳати мутобиқсозии рамзи ихтисосҳои амалкунанда бо таснифоти ихтисосҳои илмӣ, ки бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025, №10 тасдиқ шудааст, пешниҳод намоянд.

Дар интиҳо, миёни иштирокдорони семинар – машварати илмӣ мубодилаи афкор сурат гирифта, ба кори семинар хотима бахшид.