ДАНҒАРА: ТАНТАНАИ ИСТИҚБОЛ АЗ ШОҲҶОИЗА ВА ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

         5-уми декабри соли 2025 дар фазои мутантани идона аз Шоҳҷоиза ва ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Данғара Саломзода Сиҷоуддин – раиси ноҳияи Данғара, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ - ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, роҳбарияти шуъбаи маориф, ташкилоту идораҳои ноҳия, ҳайати профессорон, кормандон, омӯзгорон, донишҷӯён ва толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбии ҳудуди ноҳия бо суруру шодӣ ва гулдаста гарму самимӣ истиқбол намуданд.