ПАЙКИ ХУШ: БА СОХТМОНИ ХОБГОҲҲО БАРОИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА САНГИ АСОС ГУЗОШТА ШУД

    23 октябри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди хобгоҳҳои устодони Донишгоҳи давлатии Данғара санги асос гузоштанд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ангоравии иншоот муаррифӣ карда шуд.

    Зимни муаррифии лоиҳаи хобгоҳҳо барои устодони Донишгоҳи давлатии Данғара иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот дар кӯчаи Исмат Шарифови ҷамоати шаҳраки Данғара балоиҳагирӣ карда шуда, он аз ду бинои 9 ошиёна, дар ҳар як ошиёна ду хонаи иборат аз 1 ҳуҷрагӣ дар масоҳати 52,80 м.м. дар умум 36 хона ва ду хонаи ду ҳуҷрагӣ дар масоҳатӣ 67,84 м.м. дар умум 36 хона, ки барои таъмини 72 оилаи устодон бо хонаҳои хизматӣ пешбинӣ гардидааст.

    Сохтмонӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Донишгоҳи давлатии Данғара маблағгузорӣ гардида, хароҷоти маблағ барои як бино 11 606 000 (ёздаҳ миллиону шашсаду шаш ҳазор) сомониро ташкил дода, мӯҳлати анҷоми корҳои сохтмони дар иншооти мазкур 3 солро дар бар мегирад.

Фармоишгар Донишгоҳи давлатии Данғара буда, лоиҳаи сохтмони хобгоҳҳо аз ҷониби ҶДММ “Интеллект Меъморӣ ва сохтмон” омода шуда, пудратчии сохтмон ҶДММ “Самоҳ 2020” мебошад.

    Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда супоришҳои мушаххас доданд. Аз роҳандозии иқдоми мазкур изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки лоиҳаи иншооти мазкур, барои сохтмони биноҳои 12 ошиёна балоиҳагирӣ карда шавад, ки барои боз ҳам шароити мусоид фароҳам овардан ба устодон мусоидат намуда, ба намои шаҳраки Данғара ҳусни дигар зам мекунад.