Дар асоси нақша - чорабиниҳои корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Данғара дар толори фарҳангии донишгоҳ бо донишҷӯён - истиқоматкунандагони хобгоҳҳои А ва Б вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ҷабборӣ Н.Ҷ., сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Маҳмадаминов Х.Т., кормадони раёсати корҳои тарбиявӣ, эдвайзерон оид ба корҳои тарбиявии факултетҳо, комендантони хобгоҳҳои А ва Б иштирок намуда, оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ ва риояи талаботҳои қоидаҳои тартиботи дохилии хобгоҳ баромад намуданд.
Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ҷавонон бояд дар атрофи сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуда, ҳеҷ як мафкураи бегонаро қабул накарда, бо дониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ таҳсил намуда, дар оянда ба манфиати халқу Ватани хеш хизмати арзанда намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрии мазкур аз бошандагони хобгоҳ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати тозаву озода нигаҳ доштани муҳити хобгоҳ ва риояи қоидаҳои гигиенӣ бетараф набошанд ва дар корҳои ҷамъиятии Донишгоҳ саҳмгузор бошанд.



 
                                    