ПЕДАГОГИКАИ ШАХСИЯТСОЗӢ ВА НАҚШИ ОМӮЗГОР ДАР РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА

(конференсияи илмӣ – назариявӣ дар ҳошияи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор”)

Мувофиқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо дар Донишгоҳи давлатии Данғара барои соли 2025”, ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Педагогикаи шахсиятсозӣ ва нақши омӯзгор дар рушди устувори ҷомеа” рӯзи 21-уми октябри соли 2025 баргузор гардид.

Дар ҳамоиши илмии мазкур ҳайати олимону профессорон, омӯзгорону унвонҷӯён ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ масъалаҳои зеррин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:

1.“Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва бузургдошти устоду роҳнамо аз нигоҳи Ӯ“– аз ҷониби д.и.ф., профессор, мудири кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара – Саидҷаъфаров Озод Шовалиевич;

2.“Нақши омӯзгор дар ташаккули фарҳанги устувори шаҳрвандӣ ва миллии ҷавонон” – аз ҷониби н.и.б., и.в. дотсенти кафедраи биология ва биотехнология, декани факултети педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара – Тағоева Хатича Эркаевна;

3.“Робитаи байни маълумоти умумӣ ва касбӣ дар раванди тайёр кардани мутахассисони ҷавон” – аз ҷониби н.и.п., дотсент, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи давлатии Данғара Ғафурова Дилором Ҷабборовна.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа таъкид карда шуд, ки 15-уми октябри соли 2025 як рӯзи таърихӣ барои ҳар омӯзгори тоҷик аст! Дар ин рӯзи басо муҳим лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар ҷонибдорӣ ёфт – санаде, ки ба меҳнати софдилона, сабру таҳаммул ва фидокории омӯзгор арзиши қонунӣ медиҳад. Ин қонун – на танҳо ҳуҷҷати расмӣ, балки эътирофи бузургӣ ва нақши муассири омӯзгор ҳамчун меъмори маънавии ҷомеа ва поягузори ояндаи миллат аст. Зеро омӯзгор танҳо таълим намедиҳад – ӯ шуълаи маърифат меафрӯзад, инсон месозад, миллатро бедор месозад! Чи тавре, ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Омӯзгор шаъну шарафи миллат аст ва имрӯзу фардои ҳар як кишвар ва ҷомеа аз сатҳи маърифат ва фаъолияти ӯ вобастагии калон дорад. Хиради омӯзгор ҷаҳлу хурофотро аз байн мебарад ва сарчашмаи комёбиҳо мегардад. Дар бартарафсозии тамоми мушкилоти миллату давлат, пеш аз ҳама, омӯзгорон саҳмгузоранд”.

Мо умед дорем, ки натиҷаҳои муҳокимаҳо ва суханрониҳои ин конференсия ба такмили фаъолияти омӯзгорон, таҳияи стратегияҳои нави таълим ва таҳкими мавқеи педагогикаи шахсиятсозӣ дар низоми маориф мусоидат хоҳанд кард.

Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи мазкур бо мулоҳизаҳои судманд ва саволу ҷавоб миёни иштирокдорони ҳамоиш ба итмом расида, қисмати кор дар бахшҳо то рӯзи 22.10.2025 идома хоҳад ёфт.