Маҳмадаминов Хайём Тоҳирҷонович, сардори раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Данғара дар жанри эстрадии “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 35 сола) сазовори ҷойи дуюм ва барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” гардид.
Шоҳҷоиза ва ҷоизаҳои Озмун ба ғолибон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ тақдим карда шуд.
Ҳамасола дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” донишҷӯёну омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара фаъолона ва бо омодагии комил ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Дар ин росто, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи донишҷӯёну омӯзгорони соҳибистеъдод дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ шароити зарурӣ маҳйё гардидааст.
Пирӯзии Маҳмадаминов Хайём, ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ муборак!