МУАРРИФИИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ

    20 июни соли 2025 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паём ба мақоми олии қонунгузори мамлакат, бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ҳамзамон дар доираи амалишавии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар шаҳри Кӯлоб Форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии сатҳи баланд гӯшаи дастовардҳо ва маҳсулоти сайёҳии Донишгоҳи давлатии Данғара шоиста муаррифӣ карда шуд.