Иштироки омӯзгорони кафедраи забоҳои хориҷии донишгоҳ мудири кафедра номзади илмҳои филологӣ Маҳмадалиев Фаррух Муродалиевич ва муаллими калони кафедра Саъдуллоев Диловар Давлатович дар конфиренсияи байналмилалии “ENGLISH RESOURCE CENTER NATIONAL CONFERENCE 2025.”
Рӯзҳои 13-15-уми июн омӯзгорони донишгоҳ дар конфиренсияи байналмилалии Тоҷикистону Амрико иштирок ва донишгоҳро муарифи намуданд, аз ҷонби ташкилкунандагони конфиренсияи байналмилалӣ ба унвониии донишгоҳ сертификати иштирокчиёни фаъол тақдим карда шуд.
Дар рафти конфиренсияи байналмилалӣ аз ҷониби омӯзгорони кафедраи забоҳои хориҷии донишгоҳ зикр карда шуд, ки забони англисӣ ин забонест, ки дар таълим, тиҷорат, сиесат, саёҳат, варзиш ва илм омӯзӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон истифода мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии Данғара, талаботи ҷаҳонӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳеҷ гоҳ коҳиш намеёбад. Забони англисӣ бо мурури замон бо назардошти пешрафтҳои технология ва тағироти иҷтимоӣ такмил меёбад.