Тайи рӯзҳои 12-17 июни соли 2025 роҳбарияти Коллеҷи олии политехникии Янчени Ҷумҳурии халқии Хитой ба Донишгоҳи давлатии Данѓара ташриф оварданд.
Зимни вохӯрӣ Ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо Ректори Коллеҷи олии политехникии Янчени Ҷумҳурии халқии Хитой профессор Лю Юшен масъалаҳои таҳкими робитаҳои судманди дуҷонибаро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода, як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Дар доираи вохӯрии мазкур масъалаҳои таъсиси факултет ва коллеҷи муштарак, ба роҳ мондани барномаи муштараки “1+3”, мобилияти академии донишҷӯён ва магистрҳо, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, ҳамоҳангсозии ихтисосҳои афзалиятнок, аз ҷумла тарроҳии рассомӣ, муҳандиси сохтмон ва истеҳсоли зеҳнӣ, ирсоли омӯзгорони фаннӣ ва забоншинос барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкориҳои илмӣ, таҳияи меъёрҳои байналмилалии таълим ва низоми баҳодиҳии сифати таҳсилот, амалисозии лоиҳаҳои ҳамгироии истеҳсолот ва таҳсилот бо иштироки ширкатҳои Тоҷикистону Чин дар доираи ташаббуси “Як камарбанд – як роҳ” баррасӣ карда шуд.
Зимнан ҳайати меҳмонон аз озмоишгоҳҳо, синфхонаҳои компютерӣ ва дастовардҳои донишгоҳ аз наздик шинос гардида, бо довталабон ва донишҷӯёне, ки хоҳиши таҳсил дар таълимгоҳҳои олии Ҷумҳурии халқии Хитой доранд, мулоқотҳо гузаронида, аз ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳо, гулгаштҳо ва шоми пойтахти кишвар шаҳри Душанбе дидан намуда, бо таасуроти баланд ба ватан баргаштанд.
Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷудаву судманди ҳамкориҳои тарафайн бо таълимгоҳҳои олии хориҷи кишвар минбаъд низ истифода хоҳад кард.