Мувофиқи “Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникї, конференсияҳо, симпозиумҳо ва семинарҳо барои соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Данғара” санаи 13.06.2025 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мазуи “РОҲҲОИ ИҶТИМОӢ-ФАРҲАНГӢ ВА ҲУҚУҚИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТАҲДИДҲОИ ЗАМОНИ МУОСИР”, баргузор гардид.
Бояд тазаккур дод, ки конференсияи мазкур бевосита ба татбиқи Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 тасдиқ шудааст, ба ҳисоб рафта, масъалаҳои марбут ба амнияти миллӣ, манфиатҳои миллӣ, таҳдидҳои замони муосир, мубориза бо терроризм ва экстремизмро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия олимону пажуҳишгарони донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ба таври ҳузурию маҷозӣ ширкат намуданд. Дар кори ҷаласаи ифтитоҳии конференсия масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1.Саҳми илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар пешгирӣ бар зидди таҳдидҳои замони муосир. Баромадкунанда: Холиқов Сафар – номзади илмҳои химия, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он. Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ.;
2.Чаро “Шоҳнома” муҳим аст? Баромадкунанда: Азизов Комил Ҷурахонович – н.и.ф., дотсенти кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии Данғара.;
3.Нақши фалсафа дар баланд бардоштани огоҳии мардум аз хатарҳои муосир. Баромадкунанда: Шокирзода Айёз – муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ.;
4.Ҷаҳонбинии илмӣ муҳимтарин омили мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир. Баромадкунанда: Ҳасанов Маҳмадсаид – муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи далатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ.
Қобил ба зикр аст, ки ба кумитаи тадорукотии конференсия зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ворид гардида, маводи он дар шакли чопӣ ва электронӣ нашр хоҳад шуд.