ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ТАВАССУТИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

      6-уми майи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ” бо донишҷӯёну омӯзгорон аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара вохӯрӣ доир шуд.

    Дар ибтидо, муовини ректор оид ба тарбия Ҷабборӣ Насиба Ҷаббор баромад намуда, қайд кард, ки терроризм ва экстремизм дар замони муосир натанҳо ба як миллату давлат, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳони хатари ҷиддӣ дошта, боиси нооромиҳо дар гӯшаву канори олам гардидааст.

    Сипас аз рӯи масъалаи болозикр сардори гурӯҳи Себистони шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Данғара Собиров Раҳматулло Давлатхуҷаевич баромад намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ” яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ва мушкилотӣ буда, барои рушди ин қишри ҷомеа шароити номусоидро фароҳам меоварад. Зеро ҷавононро мебояд, ки худшиносу худогоҳ бошанд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини амнияти давлату миллат содиқона хизмат намоянд.

   Аз рӯи масъалаи мазкур инчунин Иноятов Азиз Рукниддинович - ваколатдори калони фаврии шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Данғара суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.

  Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳоли номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустуворӣ, шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротию террористӣ мегардад.

Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.