Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми солонаашон ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик – Абулқосим Фирдавсӣ ироа намуда буд аз ин лиҳоз, санаи 3-юми майи соли 2025 Озмуни умумидонишгоҳии “Шоҳномахонӣ” дар донишгоҳ баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур омӯзгорону донишҷуёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд, ки мақсади баргузории озмун ба роҳ мондани омӯзиши осору таърихи пурғановати миллати тоҷик, тақвият бахшидани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии ҷавонон, шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушду тавсеаи фарҳангу тамаддуни ҷаҳонӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷ гузоштан ба анъанаву таърихи гузаштагон, такмили захираи луғавӣ ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба адабиёту фарҳангбуда ғолибон озмун ҷиҳати иштирок ба даврҳои ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
