БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК
25 апрели соли 2025 дар “Кохи Сурӯш” бахшида ба Рӯзи илми тоҷик маросими ҷоизасупории ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Олими сол» ва «Магистранти сол» бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои рушди илми тоҷик муассир маҳсуб меёбад, ки дар он ба таври васеъ донишҷӯён, магистрантон ва омӯзгорони тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат меварзанд. Ҳамзамон, бояд ёдовар шуд, ки соли ҷорӣ аз Донишгоҳи давлатии Данғара дар озмунҳои болозикр фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар ин робита, донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноати бо барқ Кобулиев Бузургмеҳр таҳти роҳбарии омӯзгои кафедраи муҳандисӣ ва энергетика Маҳмадалиев У.М. дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” миёни 25 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо 187 кори илмӣ ва лоиҳаҳои ихтироотӣ пешниҳод намудабуданд сазовори ҷойи сеюм гардида бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар охир аз ҷониби устодони санъат ва ҳунармандони ҷавон ҷиҳати фароғати иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид.