Табрикот ба мардуми кишвар ва таъзия ба ТТЭ ҲНИ

Табрикот ба мардуми кишвар ва таъзия ба ТТЭ ҲНИ

Имрўз дар Тоҷикистон ид болои ид аст. Мардуми шарифи кишварамон Рўзи Президент, солгарди Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ва  ифтитоҳи фаъолияти иншооти бузурги аср - НБО Роғунро ҷашн мегиранд. Ҳама бо чеҳраҳои хандон, дилҳои пурфараҳ ва лабрези шодӣ ҷашнҳои мазкурро таҷлил мекунанд ва хусусан аз кушодашавии ин нерўгоҳи азим, ки солҳо боз интизораш буданд, хурсанданд. Барои иштирок дар тантанаҳои идона ва шарик будан дар хурсандии мардуми Тоҷикистон шумораи зиёди  дўстони мо аз кишварҳои дуру наздик низ ташриф овардаанд. 
Бешубҳа имрўз саҳифаи наве дар таърихи миллати мо оғоз мегардад, ки тадриҷан зиндагиамонро ба самти беҳбудӣ тағйир хоҳад дод. Зеро НБО Роғун тибқи пешгўии коршиносон, ба тараққиёти саноати Тоҷикистон ба таври назаррас мусоидат карда, дар рушди кишварҳои дигари минтақа ва таъмини мунтазами онҳо бо об ҳам таъсири мусбӣ мегузорад. Инчунин, ин иншооти бузургу муҳим истиқлолияти энергетикии Тоҷикистонро таъмин карда, имконият медиҳад, ки ба кишварҳои ҳамсоя низ неруи барқи арзону аз ҷиҳати экологӣ тоза содирот карда шавад.
Аммо фаромуш набояд кард, ки мо то ин рўзи пурфайз ба осонӣ нарасидаем.  Аз аввали оғоз гардидани сохтмони НБО Роғун то ҳол монеаҳои зиёде буданд, ки садди роҳи бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим мешуданд. Душманони дохилию хориҷӣ аз аввали солҳои истиқлолият намехостанд, ки НБО Роғун сохта шавад. Хусусан ТТЭ ҲНИ тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон бо воситаи роҳандозӣ кардани ҷанги шаҳрвандӣ, содир намудани амалҳои ҷиноятӣ ва террористӣ дар солҳои навадуми асри гузашта ба идома ёфтани сохтмони ин неругоҳ монеъ шуда буданд. Имрўз ҳам фаъолони наҳзатӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун фирор карда дар хориҷа пинҳон шудаанд, бо роҳи дар расонаҳои хабарии ифротиашон нашру паҳн сохтани ҳар гуна матлабҳои иғвоангезона ва душманона мекўшанд, то дастовардҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро (хусусан сохтмони иншоотҳои саноатию энергетикии монанди НБО Роғун) нодида бигиранд ва бар зидди манфиатҳои миллӣ муборизаи ноҷавонмардона баранд. Мақолаю гузоришҳои дар сомонаҳои ифротии payom.net, isloh.org, ksaadat.co, akhbor.com, ozodandishon.org  бар зидди давлату миллати мо нашр кардаи наҳзатиҳо исботи ин гуфтаҳост. 
Хушбахтона тамоми кўшишҳои душманона, туҳматҳо, иғвоангезиҳо  ва ноҷавонмардиҳои ин тудаи бадхоҳ натавонистанд, ки ба раванди пешрафту тараққиёти кишварамон монеъ шаванд. Мо тавонистем, ки НБО Роғун – рамзи ваҳдату шуҷоатмандию саодати мардумро бунёд кунем.  
Бунёд ёфтани НБО Роғун ба мардуми тоҷик хурсандию нишот меораду зиндагии моро мунаввар месозад. Аммо он зарбаи ҷонкоҳест ба табоҳкорону бадтинатони наҳзатӣ ва атрофиёни онҳо, ки ҳамчун неруи аҳриманӣ ҳамеша дар бадии мардум мебошанд. Имрўз наҳзатиҳо ва косалесони онҳо - масъулони расонаҳои хабарии дар боло зикршуда аз хурсандии Тоҷикистон ба даҳшат афтодаанду гирифтори ғаманд. Аз ин дастоварди беназири кишварамон ба тарс афтодаанду мотамзадаанд.
Дар охир ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ифтитоҳи НБО Роғунро табрик мегўем ва ба наҳзатиҳои ғарибу ҳақир ва ҳаммаслакони палидашон таъзия изҳор медорем!   
Парвизи Мирзо