ВОРӮХ - ҲИФЗАТ БА МО ҚАРЗ АСТ

ВОРӮХ - ҲИФЗАТ БА МО ҚАРЗ АСТ

Ворӯх - ҳифзат ба мо қарз аст

Миллати тоҷик шаҳрдору шаҳрнишин буда,  ҳатто ин гуна тарзи зисту зиндагӣ ва ҳамзистиву зиндагонии мусолиматомезро тамоми бузургони илму адаби тоҷик тарҷеҳ намудаанд.

Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик боре ҳам ба кишваре ё ба сарзамине лашкар накашидааст. Дар муносибат бо ҳамсояҳо дар масири таърих миллати тамаддунофари тоҷик ҳамзистии омсоишта ва принсипи башардӯстонаро сармашқи кори худ қарор додааст.

Миллати тоҷик доимо нисбат ба ҷангу хунрезӣ нафрат дошта, онро ҳамчун амали ҳайвонӣ ва барои инсон носазо ҳисобида, тамоми бузургони илму фан ва шоҳону паҳлавонони миллати мо ҳамагуна ҷангро маҳкум менамудаанд.

Аммо ин маънои онро надорад, ки мо ҷангҷӯ ва иғвогар, ки нестем пас тарсу ҳастем. Ин аз амали инсониву ахлоқӣ ва принсипи одамият шаҳодат медиҳад.

Дар ҳолатҳои зарурӣ ва “дифоъ аз ватан”, ки дар маданияти халқи тоҷик ҳамчун “номус” пиндошта мешавад, вазифаи муқаддаси ҳар як тоҷик маҳсуб мешуд. Дар таърих қаҳрамонони зиёдеро модари тоҷик тавлид намудаву баҳри ҳифзи ному нанг ва хоку сарзамини аҷдодӣ ба воя расонида, баҳри ҳифзи “Ватан” раҳнамоӣ мекунад. Барои мисол Коваи Оҳангар, Рустаму Суҳроб, Шерак, Муқанаъ,  Темурмалику Исмоили Сомонӣ, вазирон Балъамиву Ҷайҳунӣ, Восеъ ва садҳо қаҳрамонону паҳлавононро мисол овардан мумкин аст, ки баҳри муҳофизати “Ватан” аз ҳеҷ манфиате даст намекашанд ва дифоъи марзу буми аҷдодиро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд медонистанд. Муҳим он аст, ки ин қаҳрамонони миллати тоҷик танҳо кишварро муҳофизат мекарданд. На ба мисли Искандару Саъди Вақосу, Чингизу Ҷабборову Тошиев ҷангҷӯиву иғвогарӣ менамудаанд.

Дар ҳолатҳои зарурӣ баҳри ҳифзи номусу нанг ва ватани аҷдодӣ ҷангро аз рӯи зарурат пеш мегирифтанд, ки ин ҷавоб ба амали ғосибонаи аҷнабиён буд.

Маро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,

Набояд гирифтан чунин кор танг.

Ҳакимону донишмандони илму адаби тоҷик низ ба миллати худ панд дода, аз рӯи зарурат танҳо ба хотири дифоъ аз молу ҷону сарзамин ҷангро тавсия менамудаанд, ки ин амали ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад.

Мо низ дар навишти ин матлаб намехоҳем, ки миллатгароии таассубию субъективиро тавсиф намоем. Танҳо ёдовар мешавем, ки хатогиҳои таърихро дубора такрор нанамоему дунболи рӯшди босубот ва зиндагонии мусолиматомез дар асри ҷадид бошем ва аз тоҷикияту забону фарҳанги бойи худ дифоъ намуда, онро поянда нигоҳ дорем.

Душманону бадхоҳони миллати тоҷик рушди босуботи кишвари моро намехоҳанд ва дунболи иғвову дасисабозиҳои нав ҳастанд.

Ин иғво ва дасисабозиҳо бо ба сари қудрат омадани роҳбарони заҳҳоксифатони қирғизистонӣ Содир Ҷабборов ва Қамчибек Тошиев рӯи кор омадааст.

Имрӯз миллати ғирғиз, ки солҳои зиёд ҳамзистии осоишта бо мо доштаву дар асоси принсипи башардӯстона ба сар мебурданд. Аммо бо ба сари ҳокимият омадани ин чеҳраҳои манфур тухми кинаву адоватро дар миёни ду миллати бо ҳам дӯст кошта истодаанд. Аммо дар ин раванд миллати қирғиз ба фиреби саркардагони иғвогарашон бовар намуда, кинхоҳӣ нисбат бо ҳамсояи осоиштаро раво дида истодаанд.

Боиси зикри хос аст, ки баъди ба сари қудрат расидани Президент Садир Ҷабборов ва Қ. Ташиев вазъ дар минтақа рўз ба рўз аз зери назорати онҳо берун мешавад ва дар даст нигох доштани  кишвар мушкил мегардад. Тамоми ҳодисаҳои ҳуҷуми аҳдшиканона ба марзи Тоҷикистон аз он сарчашма мегиранд, ки С. Ҷабборов ва Қ. Ташиев дар дохили кишварашон ба мушкил рў ба рўянд. Ҳар сари чанд вақт бо баҳонаи дури ҷустан аз баҳси кони тилло, ҳалли проблемаҳои иқтисодӣ ва баҳсҳои хонаводагӣ (соати тиллоии чандҳазор доллара) ба иғвогариву туҳмат бар зидди ҳамсоя сар мекунанд. Тибқи маълумоти Маркази матбуоти Қушунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони бесарнавишт боз иҷоза додаанд, хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон ба марзи Тоҷикистон аҳдшиканона ҳамла намуда, дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лакони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ зананд.

Ин амали иғвогаронаву душманона кам набуд, ки бо истифода аз расонаҳо Қ.Ташиев ҷангро шиддат бахшидан мехоҳад. Даъвоҳои пойдарҳавои ў дар мавриди «истифода шудани ҷангиёни ришдор бо либоси сиёҳпуши бенишон» сафсатае беш набуда, аз ҷониби Қушнҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон рад карда шуд.

Ин маротиба низ Қ. Тешаев бо роҳи фиребу найранг худашро аз «рақибони сиёсиаш» ҳифз кардан мехоҳад. Ў ва ёронаш чӣ кора ҳастанд, аллакай дар Қирғизистон пай бурдаанд. Он рўз дур нест, ки бо ин фитнагарӣ худро шармандаи ҷаҳон мекунанд. С. Ҷаббор ва Қ. Ташиев бе доштани иродаи сиёсӣ ва бо гузаштаи шубҳаовар дар майдони сиёсии Қирғизистон бори дигар собит намуданд, ки ба «роҳбарони зархарид» табдил шудаанд… Бояд гуфт, ки ҳадаф аз ба вуҷуд овардани масъаллаҳои марзӣ пеш аз ҳама:

  1. Бояд мавқеи худро дар кишвар мустаҳкам намоянд;
  2. Обрӯ ва нуфузи худро дар кишвар ҳамчун ватандӯстон боло барранд;
  3. Масъаллаҳои иқтисодӣ: болоравии нархҳо, масъаллаи кони тиллои Қумтор, ғорати маблағҳои ҳангуфт аз кони тиллоро, ки мардум аз он бохабар шудаанд, ба ин васила онҳоро пок кардан мехоҳанд;
  4. Барои тақдири собиқ президентҳо такрор нашудан Ҷабборов масъалларо омехта карда таваҷҷӯҳи мардумро ба масъалаҳои сиёсӣ дар марз бо Тоҷикистон равона мекунад....

Имрӯзҳо як гурӯҳ аз мардумони Қирғизистон ноадолатиҳоро дар амали ноҷавонмардонаи элитаҳои ҳукмрони кишвар мушоҳида ба кӯчаҳо баромада, хатми ҷангро дар марзи Тоҷикистон талаб доранд.

Саволе ба миён меояд, ки ва барои чи нооромӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро мехоҳанд. Ин кӯшоду равшан аст, ки дасти кишвари дуюму сеюм ва ҳатто созмонҳои мукайян дар ин масъалла вуҷуд дорад. Ҷабборов ва Тошиев, ки чанд соли ҳаёти худро дар зиндон сипарӣ намудаанд бо роҳи зурӣ ва қувва ба сари ҳокимият омадаанд. Дар пӯшти коса нимкоса аст, бе ягон қувваи дуюму сеюми хориҷӣ онҳо аз зиндон баромада ҳукуматро намегиранд. Онҳоро дар зиндон омода ва бо кумаки саркардагонашон ба хотири мураккаб сохтани вазъ дар Осиёи Марказӣ аз зиндон раҳо намуда, ба сари ҳокимият овардаанд.

Аз ин рӯ хитоб ва пешниҳод ба миллати қирғиз дорам, ки:

  • Пеши роҳи ин фашистон ҳарчи зудтар гирифта шавад, зеро, ки барои ду кишвари ҳамсоя ҷанг ба манфиати ягон тараф намебошад;
  • Фирби сиёсӣ хурда, ҷони садҳо ҷавонону мардуми осоиштаро аз даст надиҳед;
  • Аз ақли солим кор гирифта, пеши роҳи Ҷабборов ва Тошиевро гирифта, ҳамзистии осоиштаро дар кишвар ва минтақа ба вуҷуд оваред;
  • Тухми кинхоҳиву адоватро, ки роҳбарони сиёсии Қирғизистон ба хотири манофеи шахсӣ ва пиёда намудани ҳадафҳои хоҷагонашон мекоранд, дар оянда низ аз ин мо ду миллат ранҷ мебарем.

Имрӯз аз мо миллати тоҷик вазъ тақозо менамояд, ки ҳамавақт барои ҳифзи марзу буми аҷдодӣ ва хушбахтии фарзандонамон ҳамавақт омода бошем ва бар зидди ғосибону душманони миллатамон мубориза барем.

Имрӯз кишвари мо қудрати дифоии худро дорад ва метавонад ҳама гуна хавфу хатари ба сари миллат омадаро бартараф намояд. Мо Ворухро ба ҳеҷ қиммате ва ҳатто ба тамоми Қирғизистон иваз намекунем ва ба ҳар қимате, ки бошад онро ҳифз мекунем.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Аз зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба кӯштан диҳем,

Аз он беҳ ки кишвар ба дӯшман диҳем.

 

 

Азизов Комил – устоди Донишгоҳи давлатии Данғара