ҲАВОДИСИ БАДАХШОНРО НАМЕТАВОН БО РОҲИ ЭҲСОСОТИ ҲАЛ НАМУД

ҲАВОДИСИ БАДАХШОНРО НАМЕТАВОН БО РОҲИ ЭҲСОСОТИ ҲАЛ НАМУД

ҲАВОДИСИ БАДАХШОНРО НАМЕТАВОН БО РОҲИ ЭҲСОСОТИ ҲАЛ НАМУД

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила ташаккул ёфта истодааст. Рушду нумуи тамоми минтақаҳои кишвар таҳти назорати бевосита ва доимии ин марди хирад қарор дорад. Албатта, масъалаҳои идораи, таъмини амнияту пойдории кишвар аз ҷумлаи масъалаи муҳимми сиёси ба шумор мераванд. Дар таърихи тамаддуни башарият новобаста ба вазъияти иҷтимоиву иқтисодӣ ҳолатҳое рух медиҳанд, ки сулҳу субот ва амнияти кишварро халалдор намуда, мушкилоти зиёди иҷтимоиро ба вуҷуд меорад.

Сиёсат соҳаи мураккаби умуми иҷтимоӣ ба шумор рафта, даст задан ба он кори содаву осон нест ва на ҳар кас ҳаққи онро дорад. Дар ягон давлати дунё, низоми сиёсӣ наметавонад ормонҳои тамоми ақшори ҷомеаро ба пуррагӣ қонеъ намояд. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд наметавонад рӯйдодҳои сиёсиро холисона ва ба пуррагӣ таҳлил намояд, чунки синфҳо ва табақаҳои ҷомеа гуногун буда, ҳар як шахсият дар доираи фаҳмиш, дониш ва сатҳи ҷаҳонбинӣ ба ин ё он падида наздик мешавад. Дар натиҷа шаҳрвандон мавқеъҳои гуногунро метавонад ҷонибдорӣ менамоянд. Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 99 % -и онро мусулмонон ташкил ба муқаддасоти исломӣ арҷгузорӣ намуда, ин динро пайравӣ менамоянд. Аммо нафарони алоҳида ин муқаддасотро ҳамчун яроқи идеологӣ истифода бурда, афкори мардумро тира менамоянд. Бояд қайд кард, ки дар асоси Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ шинохта шуда, ҳар як шаҳрвандро новобаста ба эътиқоди фарҳангиву динӣ эътироф менамояд ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро кафолат медиҳад. Агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем ба хулоса меоем, ки шахсиятҳои алоҳида аз номи ислом ба сиёсат рӯ оварда, худро ҳамчун дилсӯзи миллат эълон мекунанд ва мехоҳанд, ки мақсадҳои ғаразноки худро бо роҳҳои ғайриинсонӣ амалӣ созанд. Таҷрибаҳо ва маълумоти фейку бардуруғ гуаоҳи онанд, ки афкори мардумро тира карда, дар байни ҷавонон тафриқаандозӣ намуда, онҳоро ба амалҳои мудҳиш, алалхусус, барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин чун эктремизму терроризм равона месозанд. Дар натиҷа онҳо имкониятҳои фардии худро аз даст дода, зиндагиашонро барои солҳои тулонӣ паси панҷара мекашанд. Бе ягон шак, сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз зумраи мардумони бономуси диёрамон ба шумор рафта, аз ин диёр олимон, ҷомеашиносон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба воя расонидаанд.

Бадахшон маконест, ки дар он ҷо қуллаи баландтарини Сомониён ҷойгир аст. Таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ин минтақаи кишвар аз дилсӯзии ӯ шаҳодат медиҳад. Бадахшон маҳбубияту самимияти худро ҳамчун як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон ба хориҷиён чун минтақаи сайёҳӣ дар тамоми фасли сол муаррифӣ намудааст. Айни замон ин гушаи зебоманзари кишвар ноором аст, мардуми ин минтақа бениҳоят ба эҳсосот дода шудаанд. Аз фурсат истифода бурда, бадхоҳон барои амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки худ ин минтақаро ҳадафи худ қарор додаанд. Имрӯзҳо ба тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ рӯйдодҳои охирро хонда, аз матолиби нашршуда дар таъҷуб мемонем. Мо асосан аз он нигаронем, ки ду-се нафар ва ё гурӯҳе дар манотиқи ВМКБ даст ба ҷиноят зада, вазъиятро ноором намуданд. Танқиди онҳо маънои эҳтиром надоштан ба кулли сокинону фаъолони ин минтақаи кишварро надорад ва нахоҳад дошт. Ҷинояте, ки аз ҷониби Муҳаммадбоқир ва ҳаммаслаконаш содир гардидааст, онро давлат мавриди таҳлилу санҷиши холисона қарор медиҳад. Ягон шаҳрванди кишвар, ки дониши комили ҳуқуқиву сиёсӣ надорад, ҳуқуқ надорад, ки ба ин ё он ҳолат баҳогузорӣ намуда, мардуми ин минтақаро ба ҷаҳолат кашад. Мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ чун Прокуратура, КДАМ ва ВКД ин ҳолатро санҷида дар чаҳорчӯбаи қонун баҳогузорӣ хоҳанд кард. Танҳо суд гунаҳгор будани ашхосро муайян намуда, ҳукм бо татбиқи ҷазо мебарорад. Имрӯзҳо сару садоҳои зиёд аз ҷониби шахсони гуногун дар ҷомеа оид ба рӯйдодҳои Бадахшон паҳн гардидаанд, ки дар ҳолати эҳсосотӣ ҳодисаҳоро баҳогузорӣ намудаанд. Албатта, чунин шеваи таҳлилро онҳо шараф ва ҳисси ватандӯстӣ меноманд. Албатта, ин ақидаи ҳар яки онҳост.

Бояд қайд кард, ки ба хотири як нафар ва ё гурӯҳи ҷиноятпеша ба тамоми аҳолии Бадахшон ва хонаводае баҳо додан камоли инсонӣ нест. Зимни баҳодиҳӣ набояд эҳсосотӣ шуд ва худро бе асос қонундону миллатдӯст унвон намуда аз худ прокурору судя сохт. Мардуми Бадахшон, ки онро Боми ҷаҳон мегӯянд, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои зиёде кардаанд ва илму маърифати онҳоро ҷаҳониён эътироф доранд. Шаҳрвандони азиз хоҳишмандем, ки бо суханҳои пучу бемантиқ мавқеи худро чун аҳриман муайян накунед.

Амалҳои ҷиноятпешаи гурӯҳе, ки дар ноҳияи Рушони ВМКБ фазои сулҳу суботро ноамн сохта, қонуншиканӣ намудаанд аз хориҷи кишвар тарҳрезӣ шуда, бо ин роҳ ба Ватану миллат хиёнат содир кардаанд. Ба аедешаи банда ватандӯсти асил ҳамон вақт ҳуқуқи маънавии сухан карданро пайдо мекунад, ки барои миллат худ дар самти ийтисодиёт ва фарҳангу маориф хидмате намуда бошад ва ё ҳадди ақал дарахтеро сабз карда, хонаеро обод карда бошад. Аз берун истодагарӣ намуда, беасос ба кишваре , ки он ҷо сулҳу субот ҳукмфармост ва дар ҳоли ба ташаккул ҳасту волоияти қонун шиори ҳаммрузаи онҳост, набояд санги маломат партофт. Магар, чунин дастовардҳоро подида гирифтан ин амали ҷавонмардист. Ба гумони мо ҳаргиз! Аз берун истода теша ба дарахти ватан задан ин аблаҳист...

Дирӯз тариқи иҷтимоӣ вохурии муовини аввали ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал Абдураҳмон Аламшозодаро бо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кормандони сохторҳои гуногуни ВМКБ тамошо карда, эҳсос намудам, ки мақомоти қудратӣ доир ба ин ҳодиса, пеш аз ҳама, принсипи инсондӯстиро ба роҳ монда, ҳаёти ҳар як сокинро ба монанди гавҳараки чашм эҳтиёт кардан мехоҳанд. Албатта, аз ҳар ду тараф талафоти ҷони ба назар мерасад, ки чунин ҳолатро пешгирӣ кардан ғайриимкон аст. Таърих ва таҷрибаи давлатдорӣ гувоҳи онанд, ки ҳолатҳои мазкур наметавонанд бе фоҷеаи тарафҳо анҷом ёбанд.

Мо, ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон дар дунёи фикр ғӯта зада, ба чунин хулоса омадем, ки аз ҷониби Президенти мамлакат нисбат ба ин минтақа таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, бисёр корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аммо афроде ва ё гурӯҳе онро ба инобат нагирифта, мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд.

Соли 2021-ум Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии хешро ҷашн гирифт. Бевосита аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷиноятиешае, ки дар ВМКБ даст ба ҷиноят задаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф" авф эълон намуд. Магар ин хирадмандиву дӯстдорӣ ва эътиқоду эътимоди Пешвои миллат ба ин манотиқи кишвар нест? Бояд мардуми меҳмоннавозу ватандӯсти ин диёри кӯҳистон ба қадри ин ғамхориву эътимоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасанд ва ҳамеша Ватани худро аз дастаҳои ҷиноятпеша чи дар дохил ва чи дар хориҷ ҳифз намоянд.

Чунин мепиндорем, ки аксарияти сокинони ВМКБ сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуш қабул доранд ва онро қадр мекунанд. Аҳли фарҳанг ва илму маориф бояд бетарафӣ ихтиёр накунанд ва бо сокинони ин диёри зебоманзар робитаи доимиро барқарор намуда, сиёсати инсондӯстӣ ба хештаншиносию созандагиро тарғиб намоем.

ЗИНДА БОШ ЭЙ ВАТАН,
ТОҶИКИСТОНИ ОЗӢДИ МАН!

Декани факултети идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара
Номзади илмҳои ҳуқуқ,
Доктори илмҳои сиёсӣ
Ҳасанов Шарифхӯҷа Қозиевич

05.06.2022 Сол.