БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНАҒАРА

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНАҒАРА

Тайи рӯзҳои 22-24 январи соли 2022 дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ба ифтихори 75-солагии зодрӯзи собиқ дотсенти кафедраи биология ва биотехнология, шодравон Хайрулло Амирқулов дар Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

Дар конфренс меҳмонон аз Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский АМИҶТ, устодони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон,   Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  ва Донишгоҳи давлатии Данғара.  

Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Данғара номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нурали Набот баромад намуда, таъкид намуданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро бояд пурзӯр гардонем, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоем, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшем ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Зеро масъалагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷриси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати соҳаи илму маорифи кишвар ҳамаи мо масъулини мактабҳои олиро вазифадор менамояд, ки чораҳои заруриро бештар амалӣ намоем, чунки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли минбаъда беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида мешавад, ки ин аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.

Сипас директори Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳакимов оид ба хизматҳои шодравон устоди Донишгоҳи давлатии Данғара Хайрулло Амирқулов баромад намуда, иброз доштанд, ки пас аз хатми Донишгоҳи милли Тоҷикистон шодравон номзади илмҳои биологӣ Хайрулло Амирқулов аз соли 1973 дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н.Павловский АМИҶТ ҳайси лаборант ба қор қабул гардада, дар вазифаҳои мудири нуқтаи тақягоҳӣ, ходими калони илмии институти мазкур кору фаъолият намудааст. Саҳми шодравон устод Хайрулло Амирқулов дар рушди таҳқиқоти ихтиологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда аст. Аз ҷониби устод 15 намуди моҳиёни обанбори Норак ба таври муфассал таҳқиқ гардидааст. Соли 2004 рисолаи номзади илмҳои биологиро ҳимоя намуда, аз соли 2006 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба ҳайси дотсенти кафедраи технология ва асосҳои агрономӣ ба фаъолият оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои мудири кафедра, муовини ректор оид ба таълим ва илм, декани факултети табиатшиносӣ ва мушовири шуъбаи илм ва татбиқоти донишгоҳи номбурда хизмати содиқона намуда, дар тарбия намудани кадрҳои илмӣ ва омӯзгорӣ саҳми босазо гузоштааст. Ба қалами устод 3 китоби дарсӣ, 15 дастурамал ва зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ тааллуқ дошат, баҳри хизматҳои шоён ва фаъолияти пурсамари омӯзгорӣ бо унвони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст.  Аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи давлатиии Данғара пешниҳод гардид, ки баҳри хизматҳои шоёни шодравон устод дар донишгоҳ барои донишҷӯёни риштаи аграрӣ стипендияи иҷтимоӣ ба номи Хайрулло Амирқулов таъсис дода шавад.

Кори конференсия ду бахшро дар бар гирифта, дар он масъалаҳои муҳофизати олами наботот ва ҳайвонот, истифодабарии самаранокии он ва усулҳои муосири таълими фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ мавриди таҳлилу баррасии олимону муҳаққиқон қарор гирифт. Гуфта шуд , ки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон метавонад мамлакатро бо маводи озуқа таъмин созад. Барои ин захираҳои кофии замину об ҷиҳати васеъ кардани майдонҳои кишти зироат ва ҷангалзор, кӯҳҳо, ҳавзу дарёҳо мавҷуданд. Аммо усули маъмули истифодаи киштзорҳо боиси мушкилоти ҷиддии экологӣ мегардад ва имконоти онҳоро маҳдуд месозад. Ин на фақат дар эътибор надодан ба макони ҷойгиршавии замин вақти киштукор зоҳир мешавад, ҳамчунин воситаҳои коркарди механикию кимиёвии хок низ зиёновар аст. Ҳамчунин муносибати бепарвоёна дар истифодаи неъматҳои табиат – беназоратӣ дар шикори ҳайвоноту моҳӣ, ҷамъоварии гиёҳҳо ва дарахтбурӣ. Зеро шарти асосии амалӣ гардидани амнияти озуқаворӣ ин ба вуҷуд овардани заминаи мустаҳками умури ғизоӣ мебошад. Ба кишвари мо камзаминӣ ва ҳосилнокии пасти заминҳо хос аст. Барои бартараф намудани ин омилҳои манфӣ интихоби зироат ва чорво ва гузаштан ба технологияҳои муосири сарфакоронаи  коркарду парвариши онҳо аҳамияти муҳим касб мекунад. Ин бошад, бо назардошти технологияҳои муосир таҷдиди заминаи моддию техникии истеҳсолоти кишоварзиро талаб мекунад.