ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ҶАМЪОМАД ДОИР ГАРДИД

ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ҶАМЪОМАД ДОИР ГАРДИД

7 январи соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло, муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Холзода Каромиддин Камолиддин,  муовини раиси ноҳияи Данғара Абдуллозода Фариза Саидқул ва ректори Донишгоҳи давлатии Данғара прфессор Шоҳиён Нурали Набот ҷиҳати шарҳу баррасии нуктаҳои Паёми Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 ҷамъомад доир гардид.

Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи давлати Данғара профессор Шоҳиён Нурали Набот ҳайати меҳмонон ва иштирочиёнро хуш омадед, гуфта қайд намуд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар баёни воқеияти Тоҷикистон дар гузаштаву таҳлили авзои ҳозира ва маҷмӯи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созанда барои рушди босубот ва самтҳои асоии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат дар оянда буда, дар ҳоле ироа гардид, ки соли 2021 бо як қатор дастовардҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва рӯйдодҳои фараҳбахши худ, аз ҷумла 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистони азизамон бо ҳарфҳои заррин сабт шудаанд.

Нахуст зимни баромади хеш муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло Файзулло вобаста ба дастовардҳои дохиливу хориҷии мамлакат ва оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хатлон дар соли 2021 ибрози назар намуда, соли 2021-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Зеро бо корҳои созандагиву бунёдкорӣ кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёт зина ба зина қадам мегузорад. Гуфта шуд, ки соҳаи кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши калидӣ дорад ва вилояти Хатлон дорои иқлими мусоид ҷиҳати рушди тамоми соҳаҳоро доро мебошад. Танҳо ба хотири самараноки обу замин ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат бори аввал дар таърихи давлати соҳибихтиёрамон ислоҳоти куллӣ гузаронида шуда, истифодаи замин ба соҳиби аслии он – деҳқон вогузор гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои вазнини 1992–1998 Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқа ва пешгирӣ кардани гуруснагӣ 75 ҳазор гектар заминро ҳамчун заминҳои президентӣ тақсим намуд, ки ин нишондиҳанда дар бист соли охир 138 ҳазор гектар аз ҳисоби заминҳои обиро дар бар мегирад, ки ба 1 миллиону 400 ҳазор оила барои бунёди манзили истиқоматӣ ҷудо карда дода шуд. Баҳри ба шуғл фаро гирифтани занону бонувони хонашин ва ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ, ки барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ шароит фароҳам оварда мешавад, замини тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин, шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда мешаванд. Инчунин, дастгириҳои давлатӣ ва имтиёзҳои пешниҳодшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рушди соҳаҳои боғу токпарварӣ, чорводориву парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ гардиданд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Данғара Холзода Каромиддин Камолиддин вобаста ба Паём маърӯза намуда, иброз дошт, ки Паёми ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми қонунгузории кишвар - Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳим маҳсуб ёфта, омили мусоидаткунандаи рушди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Зеро татбиқи нуқтаҳои ин ҳуҷҷати муҳим замина фароҳам меорад, ки пешрафти соҳаҳо таъмин ва сатҳи некӯаҳволии мамлакат боз ҳам беҳтар гардад.

Зимни баромади хеш муовини раиси ноҳияи Данғара Абдуллозода Фариза Саидқул қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки нақши бонувону занон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад ва имрӯз 49,3 фоизи аҳолии кишварро маҳз занон ташкил медиҳанд. Таъкид гардид бо дастгириву ғамхориҳои падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон тибқи квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар дохил шуда, онро сарбаландона хатм намудаанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Ба ифтихори ҷашни 30–солагии истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат иншоотҳои таъиноташон гуногун сохта, ба истифода дода шуд, ки аз ин 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.

Дар охир ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нурали Набот бо маърузаи илмӣ баромад намуда, таъкид доштанд, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа, таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои рушди илму маориф зоҳир карда шуд. Баҳри рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2022–2026 «Солҳои рушди саноат» эълон карда шуд. Таъкид гардид, ки ҳадафи Пешвои муаззами миллат аз ин ташаббус баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мамлакат, дар ин замина тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи сохмону муҳандисӣ ва гузаштан аз модели аграрӣ ба модели саноатӣ, инчунин сайқал додани донишу малака ва ҷаҳонбинии илмиву техникии хонандагону донишҷӯён ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад. Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки аз 1 июли соли 2022 стипендия ва музди маоши кормандони соҳаи маориф ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шавад. Ин иқдом аз ғамхориҳои навбатии Президенти мамлакат дар самти дастгирии илму маориф дарак медиҳад. Устодони Донишгоҳи давлатии Данғара соли ҷорӣ китобҳои дарсӣ бо номи “Агротехнологияҳои навини истифодаи қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ дар шароити Тоҷикистон”, “Иқтисодиёти оила” ва “Иқтисодиёти деҳот”-ро аз чоп бароварда, соҳиби грантҳои дохилидонишгоҳӣ гардиданд. Раёсати донишгоҳ ният дорад, ки Донишгоҳи давлатии Данғараро ба Донишгоҳи байналмилалии пешвоӣ табдил диҳад, зеро иқдоми мазкур барҳи амалӣ намудани ҳадафҳои созанда дар рушди илму инноватсия ва муаррифии Тоҷикистони азиз дар арсаи олам мебошад. Зеро, халқи шарафманди тоҷик нангу номуси ватандорӣ ва ҳисси баланди миллӣ дорад ва бо чунин хислатҳои неку созандаи худ метавонад иқдомоти аз имрӯза ҳам бештарро амалӣ карда, Ватани муқаддаси худро ба кишвари ободу пешрафта ва ҳамқадами ҷаҳони муосир табдил диҳад.