ШОҲИЁН НУРАЛӢ НАБОТ: "Мо ният дорем, ки Донишгоҳи давлатии Данғара ба Донишгоҳи байналмилалии пешвоӣ табдил дода шавад"

ШОҲИЁН НУРАЛӢ НАБОТ: "Мо ният дорем, ки Донишгоҳи давлатии Данғара ба Донишгоҳи байналмилалии пешвоӣ табдил дода шавад"

ШОҲИЁН НУРАЛӢ НАБОТ: "Мо ният дорем, ки Донишгоҳи давлатии Данғара ба Донишгоҳи байналмилалии пешвоӣ табдил дода шавад"

Тоҷикӣ 🇹🇯 | Донишгоҳи байналмилалии пешвоӣ

Русский 🇷🇺 | Международный университет лидерства

English 🇬🇧 | International Leadership University

Ин матлаб 30 декабри соли 2021 зимни ҳисоботи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот ироа гардид.

Имрӯз дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Данғара тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи ректори донишгоҳ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти донишгоҳ дар соли 2021 бо иштироки муовинони ректор, деканони факултет ва мудирони кафедра, сардорони шӯъба ва намояндаи корфармояндагон шунида шуд.

Нахуст ректори донишгоҳ профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот оид ба нуктаҳои асосӣ ва масъалагузориҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҷиҳати муваффақиятҳои ба дастоварда ва камбудиҳои ҷойдошта дар раванди татбиқи барномаи таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ ва робитаҳои хориҷӣ баромад ва таҳлилҳои муфассал намуданд.

Зимни муаррифии дастовардҳо ректори донишгоҳ таъкид намуданд, ки соли 2021 соли бисёр ҳам хотирмон барои мардуми шарифи Тоҷикистон буд, чунки дар моҳи октябри соли 2020 дар мамлакат интихоботи Президентии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Пешвои муаззами миллат ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва барномаҳои зиёде барои пешрафти Тоҷикистони азиз то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида шуд, ки донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии Данғара бо чунин дастовардҳои беназири миллат тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат ифтихор менамоянд.

Донишгоҳ дар раванди татбиқи ҳадафҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот идораи навгониҳо ва донишҳои нав ба маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ва низомномаҳои дохилидонишгоҳӣ бо истифода аз санадҳои меъёриву ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту илова ворид намуда, ҳар як донишҷӯи худро фарзанди азизи Тоҷикистон шуморида, ҷиҳати такмили рушди зеҳнӣ, маҳорату малакаи онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам меоварад. Бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дастраси ба таълим раёсати донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушди хориҷӣ якчанд барномаҳои грантиро таҳияи намудааст.

Дар раванди равобити хориҷии Донишгоҳи давлатии Данғара чунин дастовардҳо ба монанди ба итмом расонидани грантҳои дохилидонишгоҳҳои дар самтҳи “Мукаммалгардонии нишондодҳои сифати омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмони гидротехникӣ дар асоcи стандартҳои байналмилалӣ” (бо фоидаоварии 2 257 394 сомонm), “Механизми ҷалби духтарони деҳот ба таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Данғара” (бо фоидаоварии 377 712 сомонm), “Ташаккули ҳамкории шабакавии байнидонишгоҳӣ омили баланд бардоштани сифати таълим ва савияи касбии ҳайати кадрии омӯзгорон” (бо фоидаоварии 1 137 150 сомонӣ) ба охир расонида шуда, лоиҳаи нави грантии “Лоиҳаи Фонди Аврупо Эрасмус+ TRIGGER – ҷалби равандҳои инноватсионӣ ва малакаҳои соҳибкорӣ барои донишҷӯён тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати бо кор таъминкунии хатмкардагони донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Кошитсе (Словакия) бо маблағгузории 702 252,5 сомонӣ дар раванди барномаи Эрасмус+ тригер дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Кашитсеи Словакия оғоз гардида, ҳоло корҳо дар ин самт идома дорад. Грантҳои номбурда ба он мусоидат намуданд, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара озмоишгоҳҳои илмӣ-инноватсионӣ, таъмини бехатарии иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва дар хобгоҳи духтарон маркази таълимӣ-ҳунармандӣ истифода қарор дода шуд.

Тайи соли таҳсили 2020-2021 Донишгоҳи давлатии Данғараро 1134 нафар аз рӯи зинаи бакалавр ва 104 нафар аз рӯи зинаи магистратура хатм намуда, бо назардошти татбиқи модели ҷои кор дар бозори озоди меҳнат роҳхат барои худ тибқи кори касбӣ гирифтаанд. Боиси зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии Данғара зимни таҷрибаомӯзии донишҷӯён имкони васеъро доро буда, дар шаҳру ноҳияиҳои вилояти Хатлон силсила корхонҳои истеҳсолӣ ва минтақаи озоди иқтисодии Данғараро мавриди истифода қарор дода, дар як вақт дар заминаи корхонаҳои муосир озмоишгоҳҳои таълимӣ-истеҳсолиро баҳри таҷрибаомӯзии донишҷӯён муҳайё сохтаанд

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар доираи татбиқи стратегияи "Ҷаҳиши паланг" 11 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, 7 нафар аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия соҳиби шаҳодатномаи тасдиқи рисолаҳо гардида дар баланд бардоштани савияи дониш ва рушди зеҳнии донишҷӯён саҳми хешро гузошта истодаанд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ба татбиқи навгониҳо таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, барои баланд бардоштани нерӯи зеҳнии донишгоҳ ба дастовардҳои илм ва инноватсия дар ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ба 45 нафар омӯзгорон дар доираи татбиқи мавзӯҳои соҳаҳои иқтисодӣ, гузаштан аз модели аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ, саҳмгузорӣ ба рушди нерӯ инсонӣ, ки аз сиёсати маорифпарвари Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад барои кафедраҳо ва факултетҳо вазифаҳои калиди шуморида ҳар як се моҳ дида баромада шудаанд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 дар Шӯрои олимон зиёда аз 50 масъалагузориҳои вобаста ба фаъолият ва саҳми Донишгоҳи давлатии Данғара дар рушди минтақа, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва рақобатпазир, кор бо донишҷӯён тибқи квота таҳсил дошта, татбиқи сиёсати гендерӣ, кор бо донишҷӯёни ниёзманд ба дастгирии молиявӣ аз ҷумла тарбияи зеҳнӣ, меҳаншиносӣ, дурҷӯи аз хатарҳои ҷаҳони муосир аз ҷумла терроризм ва ҷангҳои иттилоотӣ, дида баромада шуда, гурӯҳҳои аналитикӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ва Вазорати маориф ва ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2 ҳазор вокунишҳо баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҷамъиятӣ ва тарғиби дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии Тоҷикистон ба ҷаҳон мавриди таҳлил ва хулосабарори қарор гирифтааст.

Донишгоҳи давлатии Данғара дар соли таҳсили 2021-2022 ба тарз ва усули роҳбарии кафедраҳо ва шӯъбаҳо тағйирот ворид намуда, ба роҳбарони ҳамаи сохторҳо 5 талаби касбӣ-тахассусӣ таҳия намуда, дар ин доира мониторинг гузаронида, натиҷаҳои онҳо дар ҷаласаи ректорат, шӯрои олимони факултетҳо, шӯрои илмӣ-методӣ ва шӯрои олимони донишгоҳ дида баромада шудаанд.

Яке аз дастовардҳои муҳими фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ҷалби донишҷӯён аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркменистон ва Федератсияи Россия мебошад, ки теъдоди умумии онҳо дар санаи 1-уми декабри соли 2021 451 нафар, аз ин миқдор, 415 аз Ӯзбекистон, 32 нафар аз Туркменистон, 2 нафар аз Федератсияи Россия, 2 нафар аз Афғонистон, бо фоидабахшии молиявии зиёда аз 1 350 000 ташкил медиҳад.

Донишҷӯёни хориҷие, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара таҳсил менамоянд ҷиҳати баландии бардоштани нуфузи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ дода, дар замири онҳо ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ ва маърифатии Тоҷикистон нақш бастааст. Чунки ба донишҷӯи хориҷӣ аз ҷониби донишгоҳ барномаи махсус оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат таҳия шуда, аз соли 2019-2021 бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ донишҷӯён аз зебогиву сарсабзии Тоҷикистон ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуда, аз таърихи бою фарҳангии милати тоҷик аз наздик шинос гардиданд.

Устодони Донишгоҳи давлатии Данғара аз моҳи январи соли 2021 ба такмили ихтисос фаро гирифта шуда, 103 нафар соҳиби шаҳодатномаҳо гардида, дар ин доира омода ба ташкили технологияи салоҳиятнок зимни иҷрои корҳои эҷодӣ, ихтироот ва навгонӣ мавриди татбиқ қарор гирифт.

Яке аз иқдоми раёсати донишгоҳ, ин дар якҷоягӣ бо кафедраҳо ба роҳ мондани интихоби мавзӯҳо, ки ба рушди инноватсионии деҳа ва ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ вобаста аст аз худ намуда, таҷрибаи ҷаҳонӣ, идораи минтақавӣ ва давлатӣ дар сатҳи мақомоти иҷроия ва корхонаҳои новобаста аз шакли моликият ба роҳ монда шуд.

Натиҷаҳои ба даст оварда аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷавонони соҳибистеъдоди Тоҷикистони азиз ҳамчун пайравони Пешвои миллат аз ҷониби комиссияи давлатии хатм бо қаноатмандӣ зикр гардидааст. Донишҷӯёни ва омӯзгорони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-ватани азизи ман" ширкат варзида дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ соҳиби ҷойҳо гардиданд, зеро дар донишгоҳ тамоми шароит барои расидан ба муваффақияти ҳаёт вуҷуд дорад.

Яке аз масъалаҳои ташвишовар ин ба рухсатии академӣ баромадан ва наодамадани донишҷӯён пас таътили тобистона мебошад, ки ин шумора 1021 нафарро ташкил медиҳад. Ҳоло дар донишгоҳ тадқиқот оиди ин масъала ва расонидани ёрии амалӣ, ки вазифаи кӯраторҳо ва эдвайзерҳои гурӯҳи академӣ мебошад, рафта истодааст.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ифтихор аз он менамояд, ки устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фарзанди арзандаи диёр дониста шуда, дар истифода додани майдони Парчами давлатӣ дар маркази шаҳраки Данғара саҳми созандаи хешро гузаштанд.

Мушкилоти асосии донишгоҳ ин норасоии кадрҳои илмӣ дар кафедраҳо мебошад. Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ стратегияи "Ҷаҳиши паланг"-ро таҳия намудааст, ки барои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ 12 ҳазор ва докторӣ 20 ҳазор сомонӣ дар 3 марҳила ба омӯзгорон пешниҳод менамояд. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2022 то 35 нафар омӯзгорон омодаи ҳимояи рисолаҳои илмӣ мебошад. Албатта расидан ба зинаи камолот ва номзадии илм, аз шахс пеш аз ҳама ин мақсадгузорӣ дар ҳаёт, худбаҳогузорӣ, ва серталаб буданро тақозо менамояд.

Дар раванди тарғиби дастовардҳои миллӣ ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии ҷавонон, ташкили Парламенти донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара зери мароми “Омӯзиши асрори муваффақият ва сифатҳои пешвоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ҳамчун таҷрибаи хусусияти навгонидошта бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ташкил гардидааст, ки дар ҳайати он ҳамаи сардорони гурӯҳҳои академӣ, намояндагони факултетҳо ширкат варзида, дар сохтори он 13 кумитаи худташаккулёби касбӣ, фарогирӣ ба мафкураи донишҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва касбиро дар бар мегирад. Дар соли таҳсили 2020-2021 Парламенти донишҷӯён дар ҳайати 247 нафар ҷаласаҳо доир намуда, 12 масъалаҳоро вобаста ба таҳсили донишҷӯён дар Донишгоҳи давлатиии Данғара дида баромаданд.

Боиси ифтихор аст, ки бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара санаи 5-6 октябри соли 2021 Конфронсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Мактаби сиёсии Пешвои миллат" бо иштироки олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар доир гардид, ки дар он нақши мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиш қарор гирифта, баҳри хизматҳои баназири Пешвои муаззами миллат аз ҷониби профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот пешниҳод гардид, ки Донишгоҳи давлатии Данғара ба Донишгоҳи байналмиллалии Пешвоӣ табдил дода шавад ва ин масъала бо ҷонибдории зиёда аз 600 нафар иштирокчиёни конференсия ҳамовозии худро пайдо намуд ва мо аз чунин тадбирҳои андешидашуда мебароем.

Инчунин Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара тасмим гирифтааст, ки аз 1 январи 2022 дар сохтори идоравии донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати занон дар донишгоҳ аз ҳисоби бонувони муваффақ дар сатҳи муовинони мудирони кафедра ва ҷонишинони декани факултет оид ба идораи навгониҳо ва татбиқи ҳукумати электрониро таъсис дода, ба онҳо тренингҳо барои забономӯзӣ ва боздид аз мавзеи таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар роҳандозӣ намояд.

Мо ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара миннатдории бепоёни худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошта, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ҳамеша саъю талош варзида дар рушду нумӯи соҳа саҳми хешро мегузорем.