ҚАДРДОНИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ҚАДРДОНИИ УСТОДОНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

29 декабри соли 2021 дар шаҳри Бохтар вохӯрии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷавонон баргузор гардид, ки дар он аз донишҷӯён Меҳробиддин Мирзозода ва устодони Донишгоҳи давлатии Данғара Хайём Маҳмадаминов, ки дар озмуни ҷумҳуриявии Тоҷикистон-Ватани азизи ман ғолибият ба даст овардаанд ширкат варзида бо мукофотҳои пулӣ ва Ифтихорномараи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон Қудратзода Парвиз Қудрат номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Данғара барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва баланд бардоштани камолоти маънавии наврасон бо СИПОСНОМАИ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид.

Қодирзода Саидмуссо Муҳибулло номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, декани факултети Сармоягузорӣ ва менеҷменти байналмилалии Донишгоҳи давлатии Данғара барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва баланд бардоштани камолоти маънавии наврасон бо СИПОСНОМАИ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид.

Азизов Комил Ҷурахонович номзади илмҳои фалсафа, дотсент, мудири фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Данғара барои гузоштани саҳми муносиб дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ҳифзи арзишҳои миллӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва баланд бардоштани камолоти маънавии наврасон бо СИПОСНОМАИ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ гардид.

Муҳаммад Шораҳимзода ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Данғара оиди робита бо фазои иттилоотӣ, ҳамчун беҳтарин тарғиботчӣ-вокунишгар дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар фазои маҷозӣ-иттилооти вилояти Хатлон дар соли 2021 дониста шуда, бо Диплом ва ҷоиза қадрдонӣ гардид.