Таманниёти Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот бахшида ба Соли нави мелодии 2022

Таманниёти Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот бахшида ба Соли нави мелодии 2022

Устодон, донишҷӯён ва кормандони азиз,

Шуморо ба фарорасии Соли нави мелодии 2022 аз номи худам ва раёсати донишгоҳ самимона шодбош намуда, бароятон сиҳатии комил, табъи болида ва дар хонадонатон файзу баракат таманно дорам.

Воқеан, соле, ки сипарӣ мешавад, дар зеҳни мо – мардуми тоҷик таърихӣ ва хотирмон боқӣ хоҳад монд. Зеро имсол санаи сарнавиштсозу муқаддас, яъне 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бошукуҳ ва дастовардҳои шоиста таҷлил намудем. Дар ҳошияи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳо корҳои ободониву созандагӣ вусъат пайдо карда, як қатор иншооти муҳим, аз ҷумла дар соҳаи маориф бунёду мавриди истифода қарор гирифтанд. Умуман, дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ мо бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати заҳмати софдилонаи халқамон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба натиҷаҳои намоён ноил гардидем. Дар ин давра барномаи мукаммали ислоҳоти тамоми соҳаҳо, аз ҷумла илму маориф роҳандозӣ гардида, таҳаввулоти сифатӣ таъмин гардид.

Бо эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар баробари дигар барномаҳои давлатии соҳаи маориф ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ бахшид. Ин тадбир имкон медиҳад, ки ба василаи рушди соҳаи илмҳои дақиқ ба тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси он мусоидат хоҳад намуд. Ҳоло барои ин тамоми имкону василаи омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи давлатии Данғара мавҷуд мебошад.

Ҳамсола дар Донишгоҳи давлатии Данғара бахшида ба амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040 ва эълон гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» намоиши дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯён доир мегардад. Дар намоиш намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ширкат варзида, бо дастовардҳои зеҳнӣ, эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ аз наздик шинос мешаванд. Имсол ҳам ин иқдом сурат гирифта, ихтироъкорон аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо Диплом, Ифтихорнома, Сертификат ва ноутбук қадрдонӣ шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-амалӣ барои расидан ба муваффақияти умумии фанҳои табиатшиносӣ бештар мусоидат хоҳад кард. Ба хотири он ки донишҷӯён дар раванди таълим бештар ба ихтироъкорию навоварӣ дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, махсусан, биология, химия, физика, математика ва технологияи информатсионӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара барои устодону донишҷӯён ҷоиза ва идрорпулӣ таъсис додааст. Аз ҷумла, 48 грантҳои махсус бо маблағи 500 сомонӣ ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар озмунҳои дохили факултет аз фанҳои математика, физика, химия, биология, информатика ғолиб мегарданд. Барои ҳар факултет 4 ҷоиза пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, барои 12 факултети донишгоҳ 12 ҷоиза таъсис дода шудааст, ки ҳар кадом 2000 сомониро фаро мегирад. Омӯзгороне, ки дар татбиқи барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” муваффақият ба даст меоранд, бо он мукофотонида мешаванд.

Бояд таъқид намуд, ки солҳои охир тавассути дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кӯмаки Вазорати маориф ва илм, инчунин, дигар мақомоти ваколатдори ҷумҳурӣ сохтор, симо ва шароити кору таҳсил дар донишгоҳ бамаротиб беҳтар шудааст. Имрӯз устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро лозим аст, ки аз он самаранок истифода баранд.

Барои амалӣ намудани нақшаю умедҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли нави 2022 ба ҳамаи устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ дастоварду муваффақиятҳои назаррас орзу менамоям.