РУШДИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

РУШДИ РОБИТАҲОИ ХОРИҶӢ БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

Дар доираи ҳамкориҳо байни Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи политехникии Янчени Ҷумҳурии халқии Хитой 15 нафар донишҷӯёни факултети Авруосиёгӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ соҳиби унвони донишҷӯи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии политехникии Янчени Ҷумҳурии мардумии Чин гардиданд. Маросими супоридани шаҳодатномаҳо бо иштироки декани факултети Авруосиёгӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Юсуф Наботов Шоабдуллоевич сурат гирифта, таъкид гардид, ки тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб ва донандагони забонҳои хориҷӣ ҳадафи асосии Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара маҳсуб меёбад.