БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

23 декабри соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба баррасии нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Нахуст семинари илмӣ-назариявиро декани факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Шарифхуҷа Ҳасанов ифтитоҳ намуда, баҳри амалӣ намудани дастури супоришҳои мушаххас, ки зимни Паёми Пешвои муаззами миллат ироа гардид баромад намуда қайд намуданд, ки сатҳи сифати таҳсилот, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани сатҳи зиракии сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии наврасону ҷавонон яке аз масъалагузориҳои нуктаҳои асосии паём маҳсуб меёбад.

Инчунин дар идомаи кори семинар мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Азиз Комил, сардори шӯъбаи масоили иҷтимоӣ Қодиров Шуҳрат, сардори маркази рушди зеҳнӣ Тоирзода Суҳроб ва сардори маркази бақайдгирӣ Бахтиёрзода Рустам баромад намуда, оид ба самтҳои соҳаҳои иқтисодиёт, энергетика, саноат ва маориф фикрҳои хешро баён доштанд. Таъкид гардид, ки наврасону ҷавонон қувваи пешбаранда ва стратегияи асосии давлат ва Ҳукумат мамлакат ба ҳисоб меравад, зеро асоси мустаҳками пояи давлатдорӣ аз маориф сарчашма мегирад.

Дар анҷоми кори семинар аз ҷониби декани факултети Идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, дотсент Шарифхуҷа Ҳасанов ба донишҷӯёне, ки нимсолаи аввали соли таҳсили 2021-2022-ро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст намудаанд, бо сипосномаи садорати факултет қадрдонӣ гардиданд.