ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА МИЗИ МУДАВВАР БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА МИЗИ МУДАВВАР БАРГУЗОР ГАРДИД

22 ноябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Данғара Мизи мудаввар дар мавзӯи “Раванди мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷумҳуруии Тоҷикистон” бо иштироки олимону мутахассисон аз Донишгкадаи муҳандисӣ ва технологии шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид.

Дар кори Мизи мудаввар ректори Донишгоҳи давлатии Данғара номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот, раиси Шӯрои Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Файзалӣ Раҷабов, менеҷери “Барномаҳои ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ” Саидмуъмин Камолов ва намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодони Донишкадаи муҳандисӣ ва технологии шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ширкат намуданд.

Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Данғара номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот ба кори мизи мудаввар ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръати мамлакат чорабинии имрӯза роҳандозӣ гардидааст. Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон ин коркарди нахи пахтаи истеҳсоли ватанӣ то маҳсулоти рақобатпазири ниҳоии содиротӣ ва воридотивазкунанда, рушди соҳаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ ва дузандагӣ мебошад. Соҳаи саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, он барои рушду пешрафт ва некуаҳолии кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Бинобар ин, рушди соҳаи мазкур ҳамешагӣ таҳти назорат ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, оид ба рушд ва дастгирии самти мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Зимни баромади маърӯзачиён оид ба рушду пешрафти соҳа ва мушкилоти ҷоийдошта, омилҳои такондиҳандаи самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷудбуда табодули афкор сурат гирифт. Гуфта шуд, ки хусусиятҳои фарқкунандаи талаботи бозори имрӯзаи саноати сабук ва натиҷаҳои пешакии тадқиқот оид ба мавқеъгирии маркетингии маснуоти нассоҷии дорои нақшу нигор дар бозорҳои хориҷӣ харидорӣ зиёдро пайдо намудааст. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои уствори рушди ин соҳа мавҷуд буда, имкони истифодаи пурраи захираҳои ашёи хом ва истеҳсоли маснуоти ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фароҳам оварда шуда истодааст. Саноати нассоҷӣ истеҳсолоти бисёрсамта буда, дар ҷумҳурии мо амалан 4 зинаи он вуҷуд дорад: 1) истеҳсолоти нахҳои табиӣ дар натиҷаи коркарди аввалин; 2) истеҳсолоти ресандагӣ; 3) истеҳсолоти бофандагӣ, кешбофӣ ва маводҳои нобофт; 4) истеҳсолоти рангомезӣ ва дузандагӣ.

Дар сохтори Донишгоҳи давлатии Данғара кафедраи дизайн, нассоҷӣ ва индустрияи муд амал менамояд, ки барои омода намудани мутахассисон базаи комили моддӣ, техникӣ ва кадриро доро мебошад. Дар кафедра аз рӯйи 7 ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд, ки дар зинаҳои истеҳсолоти дар боло қайд гардида ба сифати технологҳо ва механикҳо фаъолият менамоянд. Инчунин моҳи сентябри соли 2021 филиали кафедра ҳамчун озмоишгоҳи соҳавии илмӣ-таълимӣ дар ифтитоҳ гардид, ба донишҷӯён хосиятҳои ашё ва маҳсулот, гузаришҳои равандҳои технологӣ, таҷҳизоти истеҳсолӣ ва озмоишӣ ва ғайра омӯзонида мешаванд.

Инчунин дар доираи мизи мудаввар иштирокчиён аз озмоишгоҳ, лоиҳаҳои эҷодӣ ва инноватсионии донишҷӯёни факултети Муҳандисӣ ва технологияиҳои муосири истеҳсолӣ ва намоиши маҳсулоти саноатии маҷмаи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай – Данғара — Син Силу – Текстил» аз наздик дидан намуда бо онҳо мулоқоти судманд анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки 19 декабри соли 2014 дар ноҳияи Данғара ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейтсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд ёфтааст. Ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 сол сохта ва пурра ба кор дароварда шудааст. 31 августи соли 2016 мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.