ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

16 ноябри соли 2021 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Данғара чорабинии идона ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст бо паёми табрикии хеш раиси ноҳияи Данғара Раҳмон Исломиддин Хайриддин кулли иштирокдорон ва сокинони ноҳияи Данғараро ба ин санаи таърихӣ самимона шодбош гуфта, қайд намуд, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Таъкид гардид, ки пас аз ҳазорсолаҳо дар эҳёи нави давлатдории миллати тоҷик нақши барҷастаро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозидааст. Аз рӯзи аввали роҳбарии худ то ба имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кӯшиш бар он намуда истодааст, ки давлатдории миллиро тақвият бахшад, осоишу сулҳу субот ва ҳаёти арзандаро барои миллати тоҷик фароҳам оварад. Дар ин ҷода месазад, ки хизматҳои арзишманди Президенти маҳбуби кишварро зикр намоем. Пеш аз ҳама муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки миллатро аз ҳолати нобудшавӣ наҷот бахшад. Расидан ба истиқрори сулҳ, раҳоӣ аз  бӯҳрони ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ инчунин зина ба зина ба сӯи пешрафту тараққиёт равона гардидани ватании азизамон маҳз натиҷаи хиради воло ва ташаббусҳои сулҳофаринии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ҳамзамон дар чорабинии бошукӯҳи идона устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва ғолиби озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ"  дар васфи Пешвои миллат бо шеър ва маърӯза баромад намуданд.

Дар охир навори таърихӣ оид ба корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаи рангини консертӣ бо суруду таронаҳои ватандӯстӣ пешкаши аҳли толор гардонида шуд.