ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

ТАНТАНАҲОИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК

https://khovar.tj/2021/11/dar-donishgo-i-davlatii-dan-ara-r-zi-militsiyai-to-ikro-boshuk-ta-lil-namudand/?fbclid=IwAR23PU1lZW6fzumwZ0lhYtlc46u5-mK5_dr_B4RZUs9Sxklq4djVkeS6myo 

https://pressa.tj/rights/dar-danғara-niz-kormandoni-militsiyaro-қadrdonӣ-kardand/?fbclid=IwAR2XxhLDMo-V2is4GkPmD5pfe-cYyBhzunbsjCebh1dzmBGyqY6rAMBRCvA

10 ноябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомади идонаи кормандони милитсия ректори Донишгоҳи давлатии Данғара номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот, муовини раиси ноҳияи Данғара Бунавша Файзиддинзода ва сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара полковники милитсия Рустам Раҷабзода ва дигар меҳмонони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти милитсия дар лаҳзаҳои сангини таърихии кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст. Қайд гардид, ки Давлату Ҳукумат ва мардуми тоҷик онҳоеро, ки ба хотири ҳифзи амният ва сулҳу суботи ҷомеа ҷони худро нисор кардаанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард.

Дар чорабинии мазкур Бунавша Файзиддинзода аҳли толорро аз номи раиси ноҳияи Данғара бо иди касбиашон самимона табрик гуфта, нақши мақомоти милитсияро дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон муносибу арзанда арзёби намуданд. Гуфта шуд, ки саҳми арзанда, хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии кормандону хизматчиёни мақомоти милитсия дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон тӯли солҳои охир ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору хизмат, беҳтар намудани ҳифзи иҷтимоии кормандон ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии мақомот тадбирҳои муассир амалӣ намуда истодааст. Аз ҷумла бахшида ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2021 дар ноҳияи Данғара Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ - техникӣ ва бинои шуъбаи “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин шаҳодат аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба мақомоти милитсия мебошад.

Сипас сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара полковники милитсия Рустам Раҷабзода бо маърӯзи хеш оид ба таърихи таъсисёбии мақомоти милитсия ёдовар гардида, иброш дошт, ки милитсияи тоҷик дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳайати милитсияи Шӯравӣ фаъолият намуда, то замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри соли 1991) ҳамчун милитсияи Шӯравӣ муаррифӣ карда мешуд. Фаъолияти милитсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи сипаригашта хусусиятҳои ба худ хос касб намуда, марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Имрӯз милитсияи тоҷик дар давоми мавҷудияти худ, аз ҷумла дар муборизаҳои шадид баҳри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, мубориза ба ҷинояткорӣ, безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноятӣ ва гурӯҳҳои терористӣ-экстеримистӣ, инчунин бетартибиҳои оммавӣ аз имтиҳони сахти рӯзгор сарбаландона гузашта, ба як сохтори пурқудрати боэътимод ва кафили осоиштаи давлату миллат табдил ёфтааст.

Баҳри поси хотири шаҳидони ҷанги шаҳрвандӣ, ки дар роҳи адолат, пойдории давлату миллат, дар муборизаҳои шадид ҷон нисор кардаанд, дақиқаи хомӯши эълон гирдид.

Таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд. То имрӯз садҳо нафар кормандони фаъоли милитсия бо мукофотҳои давлатӣ ва дигар ҳавасмандиҳои хизматӣ сарфароз гардидаанд.

Сипас ба як қатор собиқадорон, кормандони милитсия Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ва ба оилаҳои дар сохти конститутсионӣ ҳалок гардида, кӯмакпулии яквақтаина тақдим карда шуд. Ҳамчунин кормандони фаъоли милитсияи ноҳия бо фармони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ сазовори рутбаҳои навбатӣ, нишонҳои сарисинагӣ, медали «Хизматҳои шоён» ва ифтихорномаҳо гардиданд.

Дар охир барои кормандони мақомоти милитсия аҳли фарҳанги ноҳия дастагули суруду таронаро тақдим намуданд ва иштирокчиёни ҷамъомадро эҳсоси идона бахшиданд.