ЭЪЛОН! БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ УМУМИДОНИШГОҲИ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

ЭЪЛОН! БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ УМУМИДОНИШГОҲИ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Мактуби иттилоотӣ

Конференсияи илмӣ-назариявии умумидонишгоҳӣ бахшида ба Рӯзи Президент дар мавзӯи

МОДЕЛҲОИ ИМКОНПАЗИРИ ТАТБИҚИ ТАҶРИБАИ ҶАҲОНИИ ГИРИФТАНИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ЗЕРИ МАРОМИ

«САҲМИ БЕНАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН»

8-13 ноябри соли 2021

Конференсия рӯзҳои аз 8 то13 ноябри соли 2021, аз соати 16.00 ҳамарӯза дар факултетҳо доир карда мешавад. Ҷадвали баргузории конференсия:

  1. Ҷаласаи ифтитоҳӣ дар ҳар як факултет – 08.11.2021, соати 16.00.
    • Сухани ифтитоҳии намояндаи раёсати донишгоҳ,
    • Маърӯзаи олимони шинохтаи соҳа аз дигар муассисаҳо ҷиҳати ибрози фикру андеша ва таҷрибаи педагогӣ,
    • Маърӯзаи декани факултет оид ба самтҳои асосии пешрафти раванди таълим, талабот нисбати омодасозии кадрҳо вобаста ба бозори меҳнат ва дигар масоили ба ин алоқаманд,
    • Маърӯзаи мудирони кафедраҳо.
  2. Кор дар бахшҳо рӯзҳои 9-12 ноябр ҳамарӯза аз соати 16.00.
  3. Ҷаласаи ҷамъбастӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ рӯзи 13 ноябр, соати 14.00 бо гузориши декани факултетҳо ва кумитаи тадорукот.

Ҳаҷми мақола дар доираи 3-5 саҳифа бо овардани на камтар аз ду иқтибос аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин на камтар аз 3 иқтибос аз таҷрибаи олимони соҳавӣ, аз ҷумла аз хориҷи кишвар муқаррар карда мешавад.

 

Мавзӯҳои тавсиявӣ барои ҷаласаҳои ифтитоҳӣ

 

  1. Таъмини амнияти миллии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  2. Рушди инноватсионии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  3. Истифодаи боигариҳои табии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  4. Дигаргунсозии деҳоти Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  5. Иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  6. Муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  7. Дастгирӣ ва рушди истеъдодҳои ҷавон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  8. Истифодаи захираҳои обии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  9. Фарогирӣ ба таҳсил ва ҳунармандии занон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  10. Рушди нерӯи инсонии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  11. Таъмини бехатарии озуқаворӣ аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  12. Рушди илму маорифи Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  13. Гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  14. Пешгирии хатарҳои ҷаҳони муосир аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  15. Рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  16. Таъмини бехатарии иттилоотии Тоҷикистон аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  17. Таҳкими ваҳдати миллӣ аз назардиди Эмомалӣ Раҳмон
  18. Омӯзиши асрори муваффақияти Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи Тоҷикистон

Мавзӯҳои тавсиявии конференсия

  • Технологияи муосири таълими фанни … ва татбиқи навгониҳои педагогӣ дар ин раванд,
  • Натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар раванди омодагӣ ба ҳимояи рисолаҳои илмӣ,
  • Технологияи шадидомӯзии фанни … вобаста ба талаботи касбӣ-тахассусӣ,
  • Технологияи ба шахсият нигаронидашудаи таълими фанни … дар раванди ташаккули маҳорату малакаи касбии донишҷӯён,
  • Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар раванди иҷрои КМРО дар робита бо истеҳсолоти инноватсионӣ (дар мисоли таълими фанни …),
  • Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар ҳамкории донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,
  • Роҳ ва усулҳои омодасозии касбӣ-тахассусии омӯзгорон ба фаъолияти инноватсионӣ дар раванди ташкили маҳфилҳои фаннӣ,
  • Хусусиятҳои хоси иҷрои кор ва лоиҳаҳои курсӣ оид ба татбиқи навгониҳои истеҳсолӣ аз фанни таълимии …,
  • Зинаҳои омодагии касбии донишҷӯён оид ба иҷрои рисолаи хатм аз рӯи ихтисос,
  • Самаранокии таълими ҳамгирои фанни … дар раванди баланд бардоштани сифати таҳсилот,
  • Самаранокии таълими ҳамгирои фанни … дар раванди идораи навгониҳо,
  • Аҳамияти таълимӣ-тарбиявии ҷалби донишҷӯён ба иҷрои корҳои илмӣ тадқиқотӣ зимни машғулиятҳои озмоишӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ,
  • Хусусиятҳои хоси баҳогузории рейтингии донишҷӯён дар раванди омӯзиши фанҳои таълимӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ,
  • Технологияи муосири забономӯзӣ зимни баланд бардоштани маҳорати педагогӣ дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ,
  • Механизми сегонаи омӯзиши забонҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ дар раванди татбиқӣ навгониҳо,
  • Ёрии амалӣ ба омодасозии донишҷӯён ба иҷрои лоиҳаҳои инноватсионии эҷодӣ бо забонҳои гуногун,
  • Технологияи навини педагогӣ ва тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилотии типи нав,
  • Таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва педагогӣ заминаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва бо ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагон,
  • Таъсиси «ҳукумати электронӣ» заминаи баланд бардоштани масъулиятшиносии донишҷӯён дар раванди идораи вақт ва рақобатпазирӣ,
  • Маводи таҳлилӣ-муқоисавӣ оид ба пурсиши афкори донишҷӯён дар доираи «омӯзгор аз назардиди донишҷӯ»,
  • Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар раванди истифодаи китобҳои дарсӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳавӣ дар ҳамкорӣ бо корфармояндагон,
  • Ташкили ҷараёни таълиму тарбия дар асоси ғояҳои педагогии олимон … зимни таълими фанни …,
  • Технологияи муосири омодасозии донишҷӯён барои иштирок дар олимпиада ва озмунҳои дохилӣ ва байналмилалии фаннӣ,
  • Мазмуну мундариҷа ва моҳияти китобҳои дарсӣ – асоси тарбияи зеҳнӣ ва касбӣ,
  • Хусусиятҳои хоси тарбияи зеҳнии донишҷӯён дар раванди ташкили маҳфилҳои худташаккулёбии касбӣ-тахассусӣ,
  • Тарбияи ахлоқию маънавии донишҷӯён дар радифи муқоисаи арзишҳои инсонӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ,
  • Модели идеалии фаъолияти омӯзгор дар муҳити инноватсионии таҳсилот,
  • Модели идеалии донишҷӯ дар раванди воридшавӣ ба ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ва мутобиқшавӣ ба ҳаёти мустақил,
  • Ташкили бозиҳои касбии расмӣ дар раванди азхуд намудани донишҳои касбӣ-тахассусӣ,

Мақолаҳо ба кумитаи тадорукоти ҳар як факултет пас аз гузаштан аз зери назари мудирони кафедраҳо ҳамчун котибони масъули баргузории конференсия пешниҳод карда мешаванд.

Дар оғози мақола пас аз номи он, муаллифон ва ҷои кор фишурдаи мақола дар ҳаҷми то 5-8 сатр ва калидвожаҳо 5-7 калима, сипас матни мақола, ҷадвалҳо, нақшаҳо, расмҳо бо шарҳу тавзеҳ ва хулосабарорӣ оварда мешавад. Рӯйхати адабиёт бо риояи талаботи стандартӣ оварда мешавад. Иқтибос дар қавси фигуравӣ [Навашин, 2015] оварда мешавад. Андозаи ҳуруф 14, байни сатрҳо 1,15, андозаи саҳифа аз чап 2,5, боло, поён ва рост 1,5 см. Забони кории конференсия тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди мақолаҳо 5 ноябри соли 2021. Иштирок ва маърӯзаи ҳамаи омӯзгорон дар шакли презентатсия ҳатмӣ мебошад.

 

Намунаи таҳияи мақола.

ТАЪЛИМИ ФАННИ «АСОСҲОИ БИОЛОГИЯИ КИШОВАРЗӢ» БО ИСТИФОДА АЗ УСУЛҲОИ БА НАТИҶАГИРӢ НИГАРОНИДАШУДА

Расулзода Б.Р.

Кафедраи агроэкология ва механиконии кишоварзӣ

Фишурда фишурда фишурда фишурда

Калидвожаҳо:

Матн Матн Матн

Рӯйхати адабиёт

Кумитаи тадорукот:

Шоҳиён Нуралӣ Набот – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, раис,

Тағозода Сураё Эрка – муовини ректор оид ба илм ва татбиқот, ҷонишини раис,

Расулзода Бахтиёр Раҳмонбердӣ – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, ҷонишини раис,

Қудратзода Парвиз Қудрат – муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот, аъзо,

Алимов Насим Олимович – муовини ректор оид ба равобити хориҷӣ ва мобилияти академӣ, аъзо,

Ҳасанов Шарифхӯҷа Қозиевич – декани факултети идораи давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, эксперти раёсати донишгоҳ,

Олимов Раҳмоналӣ Амоналиевич – декани факултети муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ, эксперти раёсати донишгоҳ,

Қодиров Дилшод Сайдаллоевич – сардори шуъбаи илм, татбиқот ва зиддиплагиат, котиби масъул.