Online workshop of the TRIGGER project

Online workshop of the TRIGGER project

Арзёбии омодагии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба мушкилоти оянда аввалин вазифаи кори лоиҳаи TRIGGER мебошад. Таъсиси методология барои таҳлили муассисаҳои таҳсилоти олии касби ба мушкилоти оянда корҳоро дар гурӯҳи корӣ (WP1) оғоз кард. Дар қисми аввал, ташаббуси таҳсилоти олии инноватсионӣ Комиссияи Аврупоӣ, ки воситаи худидоракунии донишгоҳҳо ва иқтидорҳои инноватсионии худро дар 8 самт таҳқиқ гузаронанд, истифода шудааст. Пас аз ба итмом расонидани худсанҷӣ, ҳар як шарики Осиёи Марказӣ омода намудани ҳисобот дар бораи омодагии донишгоҳҳоро ба мушкилоти оянда дар кишварҳои Оосиёи Марказӣ, ки он бояд дар нимаи моҳи июли соли 2021 омода шавад. Ҳисоботи мазкур ҳамчун васоити асосӣ барои кори минбаъда оид ба омодасозии натиҷаҳои лоиҳаи TRIGGER хизмат мекунад. Бо назардошти вазъи баамаломадаи касали сироятии Covid-19, шарикон тасмим гирифтанд, ки семинар-тренингҳоро оид ба татбиқи таҳсилоти олии инноватсиониро, ки бояд моҳи сентябри соли 2021 дар шаҳри Нитсаи Фаронса баргузор шавад, мавқуф гузоранд.

Семинарҳои якум ва дуюми онлайн дар доираи татбиқи гурӯҳи корӣ (WP1) 16-уми марти соли 2021 ва 11-уми майи 2021 баргузор гардиданд.

1.2. Дастурамал оид ба арзёбии худидоракунии гурӯҳи корӣ (WP1) дар платформаи татбиқи таҳсилоти олии инноватсионӣ.

Ҳар як лоиҳаи TRIGGER-и муассисаи таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ба худ баҳо мегузорад. Дар маҷмӯъ 11 худсанҷӣ дар се кишвари Осиёи Марказӣ гузаронида мешавад. Дар асоси ин 11 ҳисоботи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бораи омодагии мушкилоти оянда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ омода карда мешавад (D1.2.).

Гурӯҳи мақсаднок:

Гурӯҳи мақсаднок аз сохтори идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ вобастагӣ дорад ва чунин муайян карда мешавад:

Шумораи ҳадди аққали ширкаткунандагон:

  • Ректор
  • 1 муовини ректор
  • Ҳамаи деканони факултети МТОКи шарикони Осиёи Марказӣ
  • 2 профессор / омӯзгор аз як факултет (беҳтаринҳо аз маъмурият ё раёсати таълимӣ ва илмӣ дар донишгоҳ / факултет ҷалб карда шаванд)
  • 2 тадқиқотчӣ аз як факултет (беҳтаринҳо аз маъмурият ё раёсати таълимӣ ва илмӣ дар донишгоҳ / факултет ҷалб карда шаванд)
  • 3 мутахассиси касбӣ ва ёрирасон (масалан, мушовирони касбӣ / кормандони техникӣ ва технологияҳо / офисҳои маъмурӣ) дар сатҳи донишгоҳ ва ё факултет ҷалб карда мешавад.
  • 3 нафар омӯзгороне, ки ба таълими соҳибкорӣ машғулан