Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара ғолибони аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс барои ҷоизаи ба номи Мавзуна Чориева гардид

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Данғара ғолибони аввалин Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс барои ҷоизаи ба номи Мавзуна Чориева гардид

https://pressa.tj/tajikistan/ҷoizai-mavzuna-chorieva-nasibi-bibisoro-gardid/?fbclid=IwAR0eiF27tm6Ii2kp3gA69U3C4YqNSldQrLkL-syqioYMIESUEGH7nkh7GJU 

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди бокс байни бонувон барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби ташаккули тарзи хаёти солим, дӯстии ҷавонон, рушди бокс дар миёни бонувон баргузор гардид, ки дар мусобиқа мазкур варзишгарон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзиданд.

Аз ҷумла дар мусобиқаи мазкур донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси математика-физикаи факултети Табиӣ-риёзӣ ва рушди нерӯи инсонии Донишгоҳи давлатии Данғара Ҷумаева Бибисоро фаъолона ширкат варзида, барои ишғоли ҷойи аввал дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба “БОКС” байни бонувон барои дарёфти ҷоизаи ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева бо Диплом, медал ва камарбанди сурх қадрдонӣ гардид. Ректори донишгоҳ профессор Шоҳиён Нурали Набот Ҷумаева Бибисороро бо ин музаффарияташ самимона табрик гуфта, ҷиҳати баланд баландоштани мавқеъи донишгоҳро дар риштаи варзиш фоли нек номида, ӯро бо туҳфаи пулӣ қадрдонӣ намуд.

Бояд тазаккур дод, ки  ки иштироки варзишгарони Донишгоҳи давлатии Данғара  дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва пирӯзии онҳо бори дигар собит менамояд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумӯъ ёфта, ба соҳаи варзиш ва ҷавонон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардидаистодааст. Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ, ки маҳз бо ғамхорихои давлату Ҳукумати мамлакат роҳандозӣ мегараданд, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, рушд ва тарғиби варзиш дар байни ҷавонони кишвар, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маҳрифатнокии ҷавонон, дӯстӣ байни ҷавонон ва мустаҳкам намудани тайёрии ҷисмонии ҷавонон мебошад.

Бояд гуфт, ки  шавқи духтарон дар Тоҷикистон ба варзиши бокс хеле зиёд гаштааст ва имрӯз бокс ба яке аз машҳуртарин намудҳои варзиш дар кишвар табдил табдил ёфтааст, ки ин имкон медиҳад, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти сатҳи байналмилаливу ҷаҳонӣ ҳунарнамоии хуб намоянд.