ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” БАРГУЗОР ГАРДИД

      

https://khovar.tj/2021/10/dar-donishgo-i-davlatii-dan-ara-ta-ti-unvoni-maktabi-siyosii-peshvoi-millat-konferensiyai-bajnalmilalii-ilm-amal-doir-shud/

           6 октябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии Данғара  ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” бо иштироки раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, собиқадорони меҳнат, олимону муҳаққиқон ва магистрантону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара доир гардид, ки дар қисмати расмии он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор ва Раъно Бобоҷониён, муовини раиси вилояти Хатлон Заробиддин Файзуллозода, раиси  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Шоҳиён Нуралӣ Набот, ректори Донишгоҳи давлати Бохтар ба номи Носири Хусрав Давлатзода Сайфиддин, ректори Донишкаи энергетикии Тоҷикистон Исозода Диловаршо, ҳамзамон дар кори конфронс олимони хориҷӣ Савина Наталия Борисовна аз Донишгоҳи миллии захираҳои об ва истифодаи табиати Ҷумҳурии Украина, Павленко Андрей Иванович аз Академияи давлатии кишоварзии Примории Федератсияи Россия ва Вутсик Волдемар аз Донишгоҳи политехникии Люблини Ҷумҳурии Лаҳистон тариқи фосилавӣ бо маърузаҳои илмӣ баромад намуданд.

     

           Пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон аз шароиту имкониятҳои илмомӯзии донишҷӯён, маркази таълимӣ-маърифатии радиошунавоии “Амри вақт”-и донишгоҳ, маркази таҳсилоти фосилавӣ ва идораи грантҳо, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, соҳаҳои дизайни экспозитсионӣ, рассомӣ, иътирооту навоварӣ ва намоиши китобҳои тозанашри устодони Донишгоҳи давлатии Данғара аз наздик дидан намуда, ба меҳмонон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, узбекӣ, туркменӣ ва хитоӣ мазмуну мундариҷаи асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби донишҷӯён муаррифӣ гардида, барномасозони ҷавнони донишгоҳ лоиҳаҳои инноватсионии худро пешниҳод намуда, баҳои баланд гирифтанд.

     

         Тибқи нақшаи кории конфронсияи байналмиллалӣ дар оғоз бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор баромад намуда, иброз намуданд, ки дар воқеъ дар ҷаҳони муосир собит гардидааст, ки ҳар ҷое амалия бо илм тавъам аст, он ҷо рушд ва пешрафту комёбиҳо назаррас мебошанд. Илм поягузори рушди устувор, самарнокӣ дар иқтисодиёту истеҳсолот, пойдорӣ дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва комгорӣ дар сиёсату маънавиёт арзёбӣ мегардад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки пешоҳанги сиёсати давлат мебошад, дар шароити имрӯза татбиқи илман асосноки ҳадафҳои он тақозо мегардад. Зеро маҳз ҳадафҳои созандаи ҳизб бо роҳбарии Пешвои миллат тавонист, ки сиёсати пойдори давлати навини тоҷиконро ташаккул диҳад, онро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун мамлакати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ маъруф гардонад, сулҳу ваҳдатро байни аҳли ҷомеа пойдор намояд, вазъи иҷтимою иқтисодии халқро беҳ гардонад. Ҷалби олимону муҳаққиқон ба коркарди илмии татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб имкон медиҳад, ки нишондиҳандаҳои муайяншуда сари вақт, суроғавӣ, пурмаҳсул ва устувор дастёб гарданд; мактаби илмии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташаккул ёфта, кадрҳои болаёқати аз лиҳози идеологӣ омодагашта ба таҳкими иқтидорӣ илмии идоракунии мамлакат мусоидат намоянд. Тарбияи кадрӣ дар ҳошияи рушди мактаби сиёсии Пешвои миллат-Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, механизмҳои муосири рушди устувори асосҳои институтсионалии мамлакат ташаккул дода мешаванд.

     

          Зимни баромади хеш, раиси  кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин  қайд намуд, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Анҷумани 9-уми ҳизб иброз намуда будан, ки : «Ҳизби мо дар замоне, ки хатари пароканда шудани миллат ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлол ба воқеияти рӯз табдил ёфта буда, дар назди миллат ва Ватан, дар назди наслҳои имрӯзу оянда масъулияти бузурги таърихиро ба дӯши худ гирифт». Дар воқеъ хизмати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон на танҳо дар ташаккулдиҳи давлати муосири тоҷикон, балки дар бартарафсозии ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва ба даст овардани ризоияти миллӣ хеле созгор аст. Дар ин ҷо мактаби дигари Пешвои миллат, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ҷалб намудааст, - мактаби сулҳофарӣ, ки мавзӯи дигар аст, боиси зикр мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чаҳорчӯбаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар бо фарогирии ҳудудан ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа арзёбӣ мегардад.

                                                       

             Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоҳиён Нарали Набот зимни маърузаи илмии худ оид ба  саҳми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди илму маориф ва аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ пазируфтани ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат оид ба масоили об, экология, пешгирӣ ва паҳншавии хатарҳои муосири ҷаҳон аз қабили терроризму ифротгароӣ, бегонапарастӣ ва дигар масъалаҳое, ки ба коҳиш ёфтани рушди нерӯи инсонӣ оварда мерасонад ёдовар шудаанд. Гуфта шуд, ки дар ин раванд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёда аз 53 мукофоти байналмилалӣ ва ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ қадрдонӣ гардидаанд, ки дар қатори чунин унвон ва ҷоизаҳо «Пешвои асри XXI» аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо, медали 60-солагии ЮНЕСКО, ордени Шӯрои олимпии Осиё, медали тиллои ЮНЕСКО ва зиёда 17 ҳолати ба Пешвои муаззами миллат сарфароз гардонидани профессори фахрӣ ва доктори фахрии муассисаҳои соҳибэътибори олии таълимии байналмилалиро метавон алоҳида зикр намуд.

     

              Зимни маросими Савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф таъкид гардидааст, ки соҳаи илму маориф минбаъд низ бахши калидии сиёсати давлат маҳсуб ёфта, маблағгузори барои рушди онҳо сол аз сол бештар мегардад ва ислоҳот дар ин самт идома дода мешавад. Таҳлилҳои илмӣ-муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки тайи солҳои 2013-2021 инчунин аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи илму маориф маблағгузориҳои зиёд аз сарчашмаҳои гуногун равона гардида, дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот пешрафти илмӣ, техникӣ, технологӣ ва аз ҳама муҳимаш, ташаккули мафкураи нави сиёсӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ, меҳаншиносӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ дар раванди татбиқи сиёсати «Дарҳои кушода»-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми қишрҳои ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ташаккули инсонӣ ҳамаҷониба инкишофёфта, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбия насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои неку созандаи милливу умумибашарӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.

      

             Дар идомаи кори конференсия як қатор кормандон ва фаъолони ҳизбӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои саривақтӣ ва саҳмгузорӣ дар раванди ободониву созандагии мамлакат дар вазъияти тантанавӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.

      

             Ёдовар мешавем, ки  Конференсияи байналмилии илмӣ-амалии “МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ” дар шакли мустақим ва фосилавӣ доир гардида, дар чор бахш: 1.Сиёсатшиносӣ ва идоракунӣ; 2.Иқтисодиёт ва энергетика; 3.Ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва муносибатҳои байналмиллалӣ;  4.Кишоварзӣ ва саноатикунонӣ кори худро идома дод.