НАҚШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР КОҲИШИ ТАЛАФОТИ ЭНЕРГЕТИКИИ КИШВАР ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ

Соҳаи энергетика яке аз соҳаҳои стратегии иқтисодиёти миллӣ ба ҳисоб рафта, рушди устувори он барои таъмини фаъолияти саноат, тандурустӣ, нақлиёт ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ аҳаммияти муҳим дорад. Дар шароити рушди иқтисодиёти рақамӣ масъалаи баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯи барқ, кам намудани талафоти энергетикӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Яке аз мушкилоти асосии соҳаи энергетика талафоти нерӯи барқ дар ҷараёни интиқол ва тақсимот, инчунин талафоти ғайритехникӣ мебошад. Талафоти техникӣ асосан дар ноқилҳо, трансформаторҳо ва дигар таҷҳизоти шабакаҳои барқӣ ба вуҷуд меояд. Талафоти ғайритехникӣ бошад, метавонад бо хатогиҳои ҳисобгирӣ, носозии ҳисобкунакҳо, пайвастшавии ғайриқонунӣ ва дигар омилҳо алоқаманд бошад.

Дар ин замина, истифодаи зеҳни сунъӣ AI, ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ ва системаҳои муосири Биллингӣ метавонад ба беҳтар гардидани назорати истеъмоли нерӯи барқ, муайян намудани нуқтаҳои талафот ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои энергетикӣ мусоидат намояд.

Зеҳни сунъӣ ва низоми Биллингӣ дар соҳаи энергетика маҷмӯи воситаҳои барномавӣ ва техникиест, ки барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти истеъмоли нерӯи барқ, ҳисоб кардани маблағи пардохт ва назорати ҳисоббаробаркуниҳо истифода мешавад.

Ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ имкон медиҳанд, ки маълумот дар бораи истеъмоли нерӯи барқ дар фосилаҳои муайяни вақт ба маркази идоракунӣ интиқол дода шавад.

Зеҳни сунъӣ метавонад маълумоти ҷамъоваришударо таҳлил карда, тағйироти ғайримуқаррарии истеъмол, эҳтимоли носозии таҷҳизот ва ҳолатҳои эҳтимолии талафоти ғайритехникиро муайян намояд.

Механизми умумии кори низом чунин аст:

1. Ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ маълумоти истеъмоли нерӯи барқро ҷамъ мекунанд.

2. Маълумот тавассути шабакаи алоқа ба маркази ҷамъоварӣ интиқол дода мешавад.

3. Системаи биллингӣ маълумоти истеъмол ва пардохтҳоро коркард мекунад.

4. Алгоритмҳои зеҳни сунъӣ тағйироти ғайримуқаррарӣ ва нуқтаҳои эҳтимолии талафотро муайян мекунанд.

5. Мутахассисон натиҷаҳоро месанҷанд ва барои бартараф намудани мушкилот чораҳои зарурӣ меандешанд.

Бояд таъкид кард, ки зеҳни сунъӣ ва биллинг якдигарро пурра иваз намекунанд, балки вазифаҳои ҳамдигарро пурра менамоянд.

Истифодаи чунин технологияҳо метавонад ба натиҷаҳои зерин мусоидат намояд:

- сари вақт муайян намудани истеъмоли ғайримуқаррарии нерӯи барқ;

- ошкор кардани хатогиҳои ҳисобгирӣ;

- муайян намудани қитъаҳои дорои талафоти зиёд;

- беҳтар намудани назорати пардохтҳо;

- кам намудани хароҷоти санҷиш ва хизматрасонии шабака.

Коҳиш додани талафоти нерӯи барқ на танҳо масъалаи техникӣ, балки омили муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ мебошад.

Таъсири иқтисодии коҳиши талафотро метавон аз чанд самт баррасӣ кард.

Якум, афзоиши самаранокии фаъолияти ширкатҳои энергетикӣ.

Дуюм, сарфаи захираҳои энергетикӣ.

Сеюм, дастгирии рушди саноат. Таъмини боэътимоди нерӯи барқ барои фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоягузорӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Чорум, беҳтар гардидани хизматрасонӣ ба аҳолӣ.

Панҷум, рушди иқтисодиёти рақамӣ.

Барои самаранок истифода бурдани имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар соҳаи энергетикаи Тоҷикистон татбиқи марҳилавии чорабиниҳои зерин муҳим мебошад:

1. Навсозии низоми ҳисобгирӣ: ҷорӣ намудани ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ.

2. Ташкили махзани ягонаи маълумот.

3. Ҷорӣ намудани таҳлили зеҳнӣ.

4. Назорати техникии шабакаҳо.

5. Омӯзиши мутахассисон: тайёр намудани кадрҳо.

6. Арзёбии самаранокии иқтисодӣ.

Ҳангоми татбиқи чунин низомҳо масъалаҳои амнияти киберӣ, ҳифзи маълумоти истеъмолкунандагон, эътимоднокии алоқа ва дурустии алгоритмҳо низ бояд ба назар гирифта шаванд.

Ҳаминро қайд намудан зарур аст, ки зеҳни сунъӣ яке аз воситаҳои муҳими рушди низоми муосири энергетика ба ҳисоб меравад. Ҳамгироии он бо ҳисобкунакҳои интеллектуалӣ, системаҳои биллингӣ ва таҷҳизоти назорати техникӣ имконият медиҳад, ки талафоти нерӯи барқ дақиқтар муайян карда шуда, сабабҳои асосии он сари вақт ошкор гарданд.

Вақте талафоти энергетикӣ кам мегардад, мо на танҳо соҳаи энергетикаро рақамӣ месозем, балки рушди иқтисоди миллиро ба сатҳи нав мебардорем.

Ҳамин тариқ, рақамикунонии соҳаи энергетика ва истифодаи мақсадноки зеҳни сунъӣ метавонад яке аз самтҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва таҳкими рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.

Муродализода Умед Муродалӣ, омӯзгори кафедраи муҳандисӣ ва энергетика