ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ

Дар замони муосир вазъи сиёсии ҷаҳон тағйир ёфта, мушкилоти гуногунеро ба вуҷуд овардааст. Махсусан проблемаи терроризм ва экстремизм ба ҷомеаҳо таҳдид менамояд. Агар дар мавриди ҷавонон сухан гуфт, бояд зикр намуд, ки  баъзе ҷавонон ба арзишҳои миллӣ эҳтиром қоил нестанд. Ва сабаби ин ҳам дур мондани онҳо аз арзишҳои миллӣ аст.

Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки Ватан чист ва барои инсон чи аҳамият дорад. Аслан, меҳри Ватан аз аллаи модар сар мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки ибораи «Ватан - модар» маъмул гаштааст. Ҳисси ватандӯстӣ дар кӯдакӣ пайдо шуда, то охири умри инсон боқӣ мемонад. Бинобар ин, меҳри ватандорӣ ба ҳар шаҳрванди Тоҷикистон зарур аст, то ки ба ҳаммиллатони худ наздик бошад, аз тоҷикистонӣ буданаш ифтихор намояд.

Ватандӯстӣ ё меҳанпарастӣ дар назди Ватан ва миллат масъулият доштан, ба манфиати Ватан зистану меҳнат кардан, ба тараққиёти он ва баланд шудани эътибори миллат ҳисса гузоштан аст. Ватандӯст фидоӣ мебошад, бо меҳнати ҳалол машғул шуда, инсонпарварона рафтор мекунад.

Ватандӯстӣ яке аз муҳимтарин хусусиятҳои шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта маҳсуб меёбад, бинобар ин тарбияи ватандӯстии насли наврас ҳамеша яке аз вазифаҳои муҳими оилаву мактаб будаву ҳаст, зеро овони кӯдакиву наврасӣ ва ҷавонӣ давраи ҳассосу пурмаҳсул, ҳамзамон барои тарбияи муҳаббат ба Ватан марҳилаи пурмасъулият ба шумор меравад.

Тарбияи  ҳисси ватандӯстӣ  ҳамчун раванди ташаккули ботадриҷ ва устувори муҳаббат ба Ватан фаҳмида мешавад. Шахс бояд дар замири хеш ҳисси ифтихор ба Ватан ва мардуми худ,  эҳтиром ба дастовардҳои бузург ва саҳифаҳои шоистаи гузаштаи аҷдодонро ташаккул диҳад.

Бояд ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои абадӣ пойдор мондани сулҳу ваҳдат дар ҷомеа ва Истиқлолият дар Ватани азизамон саҳмгузор бошад. Имрӯз худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан яке  аз  пояҳои муҳимми давлату давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Чунки давлат бе миллат буда наметавонад ва дар ин баробар миллате, ки худро нашиносад, ба арзишҳои миллии худ эҳтиром надошта бошад, он миллат соҳибдавлат буда наметавонад.

Ҳамин ҳисси ватандӯстӣ буд, ки миллати мо ба ҳеҷ як мушкилӣ ва фиребу  найранги  ашхоси  бегона нигоҳ накарда, ваҳдати миллиро дар кишвар пойдор намуд. Албатта маҳфуми Ватанхоҳиву хештаншиносиро  мебояд  ҳанўз  аз овони кўдакӣ дар замири фарзандон ҷой намуд. Ва вазифаи ҷонии волидайну омўзгорон аз ҳамин чиз иборат аст.

Эҳсони Маҷид