ҶАВОНОНРО ЭМИН НИГОҲ ДОРЕМ

Ояндаи миллату давлат ба таълиму тарбияи кӯдакон ва насли наврас вобаста аст. Агар худи мафҳуми тарбияро шаҳр диҳем, маънояш аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа раванди ҳадафмандонаи ба воя расондани кӯдак ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад. Аз тарафи дигар, вобаста ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдак Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз 20 июни соли 2024, таҳти № 2049 дар таҳрири нав қабул карда шуд, ки он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардида, муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак бо мақсади таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ танзим менамояд.

Бояд гуфт, ки оила макони муқаддасест, ки одоб, ахлоқ ва муоширати иҷтимоӣ низ аз ин ҷо сарчашма гирифта инкишоф меёбад. Аз қадимулайём дар одату анъанаҳои мардуми мо таълиму тарбияи фарзанд мақоми хоса дошт. Ба дунё омадани фарзанд барои падару модар саодати беинтиҳост. Аммо ин саодату хушбахтӣ то чӣ андоза давом мекунад, ба тарбияи фарзанд вобастагӣ дорад. Аз тарафи дигар, соҳиби фарзанд шудан яке аз омилҳои асосии мустаҳкам гардидани оила ва зиёд намудани меҳру муҳаббати падару модар аст. Баъди ин муносибати волидон ба аъзоёни оила ва зиндагӣ ба таври мусбат тағйир меёбад.  Баробари  ин   падару модар вазифаи тарбияи фарзанди солим, боадаб ва соҳибмаълумоту ҳунармандро ба уҳда доранд.

Калонсолонро иззату эҳтиром кардан, ба хурдсолон шавқату меҳрубонӣ нишон додан, ба рафиқон самимию дилсӯз буданро  кӯдак дар оила меомӯзад. Кӯдаконе, ки дар оилаҳои солим ба воя мерасанд, барои миллат зарур мебошанд. Муҳимтарин восита дар тарбияи кӯдакон муваффақ шудани амали сегона; муҳаббат, интизом ва ҷиддият мебошад. Падару модароне, ки ин роҳро пеш мегиранд, беташвиш ва осуда хоҳанд буд ва ҷомеа  ободу бехавфу хатар мешавад.

Танҳо фарзандони соҳибмаърифату дорои касбу кори замонавӣ метавонанд дар бунёди давлати пешрафтаву мутамаддин саҳмгузор башанд.

Эҳсони Маҷид