Муаллифони сомонаҳои наҳзатиёни ифротӣ, имрӯзҳо усули ҷудоиандозии гузаштагони худро ба кор гирифта истодааст. Ва бояд гуфт, ки ҷудоандозӣ ё фитнапардозӣ яке аз мақсадҳои ниҳоии наҳзатиён ба ҳисоб меравад. Наҳзатиён талош доранд, то ин ки бо мафкураи ифротии худ “ҳақиқат”-ро ба мардум расонанд. Аммо мисоле ба миён меояд, ки кадом “ҳақиқат” – ро онҳо мехоҳанд ба мардум расонанд. Ба назар чунин мерсад, ки “ҳақиқат”-и наҳзатиҳо ҳамон фитнаҳо, туҳматҳо ва иғвоангезиҳояшон нисбат ба давлату ҳукумат мебошанд.
Дар ягон сомонаҳои наҳзатӣ аз ҷиноятҳои содирнамудаи ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ гуфта намешавад. Гӯё мардуми кишвар аз он бехабар бошанд. Аммо аз як камбудии мақомоти давалтӣ пай дар пай хабару гузоришҳои росту дуруғро дареғ намедорнад. Наҳзатиҳо бо муттаҳидинаш ҷиноятҳое содир намуданд, ки аз хотираҳои миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Аз тарафи дигар барои собит намудани ҷиноят ва хиёнатҳои наҳзатиён ҳеҷ зарур нест аз аъзои он пурсем, балки нигоҳи воқеъбинона нисбат ба гузаштаи худ моро ба ҳақиқат рӯ ба рӯ месозад. Тарғиби афкори ғайритаҳаммулгароӣ дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳаракати хатарнок қарор дорад. Истисмори дину имони мардум кори ҳамешагии онҳост. Наҳзатиён барномаҳои ғайри арзишҳои миллӣ ва диниву ахлоқиро барои миллати тоҷик ба роҳ монданист. Ташкил ва ба кор гирифтани барномаҳои носолим муаррифгари аҳдофи ташкилоти собиқ ҲНИ мебошанд. Аз инҷост, ки миллатбезориро тарафдорони гумроҳаш ба кор гирифтаанд. Вонамудсозиҳо ва сохтакориҳо дар арсаи сиёсат мушкил доштани раҳбари собиқ ҲНИ–ро дар роҳи пешгирифтааш нишон медиҳад. Фаъолияти сиёсӣ ва давлатдорӣ ба навъи фардияти роҳбари собиқ ҲНИ мувофиқ нест. Ташкилоти террористии ҲНИ ва аъзои он дар дурӯғбофӣ ва буҳтонсозӣ ҳамто надорад, инҷо ман мавқеи шайтонро баъди онҳо афзал медонам.
Наҳзатиёни ифротӣ дар худ симои ашхоси соҳибмаърифату ботамаддунро кашидаанд ва мехоҳанд рӯи саҳнаҳои сиёсат арзише дошта бошанд. Аммо асолати ғоявии онҳо дар асоси афкори харобиовар бунёд ёфтааст. Чунин ашхос сухан аз сулҳ, субот ва некуаҳволии омма мезананд, аммо агар ба аъмоқи аҳдофашон назар афканем, нафратангезӣ асоси корашонро ташкил медиҳад. Ғояҳои ифротӣ ва террористии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ ваҳдати миллиро қабул надоранд. Онҳо даст ба зӯргӯӣ, туҳмат ва бадрафторӣ тавассути васоити ахбори омма мезананд ва ҳар гуна зуҳуротеро ба манфиати худ ҳангомасозӣ мекунанд. Баҳри барангехтани фитна аз пашша фил месозанд, маънавиёти мардумро заҳрнок месозанд. Ҷиҳати мусбии ҳама гуна масоилро намеандешанд. Онҳо ҷанбаҳои рушди маънавии миллатро нодида мегиранд. Дар дилашон чунон тухми нафрат авҷ гирифтааст, ки нисбат ба ҳама ҷузъиёт назари манфӣ доранд. Онҳо манбаъҳое доранд, ки баҳри пахши хабарҳои дурӯғ истифода мешаванд. Дар дарки масоили рушди ҷомеа камбуди фикрӣ ва зеҳнӣ доранд. Худношинос ва бемиллатанд. Ба халқ миннат мегузоранд, ки гӯё баҳри беҳбуди вазъи мардум дар талошанд. Худро тавассути васоити ахбори омма ҳамеша дӯсти қарини миллатҳо метарошанд. Аммо бо вуҷуди ниқоби дар рӯяшон буда, қишрҳои ҷомеа низ дар навбати худ аз сирри онҳо барин фиребхӯрдагони ҳақир огоҳӣ доранд.
Шарифи И,


