ҲНИ аз оғози ташкилёбӣ фаъолияти муғризона ва зидди давлатии худро ба таври пинҳонӣ бо ҳилаву найрангбозӣ ва дурӯғпароканӣ оғоз намуда, таҳти роҳнамоӣ ва супоришҳои корфармоён, ки мақсаду маромашон зарбаи ҷонкоҳ задан ба тоҷику тоҷикистониён ва нест гардонидани миллати тоҷик аз харитаи сиёсиро доштанд, бо роҳандозии ташкилотҳои террористӣ бозичаи дасти пастниҳодон гардида, то ҳол бо ҳилаву найрангбозӣ фаъолияти тахрибии худро идома дода истодааст. Пешаи хоинӣ ба онҳо то имрӯз аз бобою бокалонҳое, мерос мондааст, ки бо тамғаи хоинӣ ва лагандбардору ғуломи якумраи корфармоён дар кӯи дар ба дарӣ дур аз Ватан хок гардиданд. Инак се насли ин шаҷараи касифи тангназарон то ҳанӯз лабайки дари охундҳо боқӣ монданд. Ин ҷанхсони хоин бо сафсата ва дурӯғпароканиву найрангбозӣ дар минбар кӯшиш менамоянд дар байни мардум низоъ андохта, ба гурӯҳҳо ҷудо шаванд. Он нафарони намакношиносе, ки ба қадри Меҳан нарасида ба миллату Ватани хеш хиёнат мекунанд, ҳаргиз оромиву осудагиро надида як умр ҳасуду бадбахт мемонанд.
Барои ин нохалафони беаслу насаб мафҳуми меҳнати ҳалол бо арақи ҷабин бегона аст. Зеро онҳо танҳо бо ибрози ақидаҳои муғризона, ташкилу ҷангу хунрезӣ, суханбозиву суханпардозӣ ва сафсатагӯиву ҳаромхӯрӣ рӯз гузаронидан одат намудаанд. Кабирӣ ва М.Садриддини иғвогар, барои лақидан ва сафсатагӯӣ алъон истифода гардида барои ин корашон маоши ҳаром гирифта бо ҷамъи наздиконашон рӯз гузаронида, зиндагӣ ва роҳату хушбахтии мо соҳибватанони дар хоки ватанро танқид менамоянд. Ин ноқусулақлони беномуси мутаҳҳам, боре дар сарҳои мағзшӯигардидаашон намеояд ва ҳатто тасавур карда наметавонанд, ки як лаҳза озоду ором дар Ватан зистан ва мутеу фармонбардори касе набудан чӣ роҳату оромиш дорад. Иқболифлоси хиёнаткор нафаронеро, ки кайҳо виҷдон ва нангу номусашонро бой додаанд, дар минбарҳои ташкилнамудаашон бештар мардумро барои ба шур овардан талош намуда, бори дигар пастфитратии худро собит месозанд. Иқболифлос ва роҳбару корфармоёнаш як нуктаро фаромӯш намудаанд, ки ҷомеаи имрӯзи тоҷик ҷомеаи солҳои қаблӣ нест. Мардуми сарбаланди тоҷик имрӯз сиёҳро аз сафед фарқ карда, қувваҳои аҳримание, ки ҳар соату лаҳза тобиши худро дигар менамоянд ва пайваста дар фикри манфиатҳои шахсиву гурӯҳии худ буда, баҳрашон ягон муқаддасот Ватан-Модар ҳатто вуҷуд надорад кайҳо шинохтаанд ва баҳри аз байн бурдани чунин ҳизбу ҳаракатҳои авомфирбон ҷаҳду талош менамоянд. Диловарию шуҷоат ва меҳандустиву миллатпарастии мардуми бо нангу ор буд, ки кишвар аз вартаи нобуди аз дасти душмани дохилу хориҷ раҳои ёфт ва чунонки мебинем, ба истиқлолият, сулҳу субот ва ормиву осоиштагӣ расидем. Мо ҳамеша аз амалу кирдорҳои ин пастниҳодони худбин, ки замири қалбашон аз бухл, кинаву адоват, вайрониву парешонӣ қувваву нерӯ мегирад, огоҳ буда, ҳар лаҳза бо зарбаҳои ҷонкоҳ ба ҷисму ҷонашон ҷавоб мегардонем.
Гурдофариди Даврон


