РОҲҲОИ МУҚОБИЛИЯТ БО ТЕРРОРИЗМ

Воқеан терроризм дар асри 21- як василаи оғози ҷанг гардидааст. Он ҳеҷ тафовуте аз «ҷанги иттилоотӣ», «ҷанги партизанӣ», «ҷанги иқтисодӣ» ё ҳамлаҳои дигар, надорад. Ҳадафи ҳама гуна ҷангҳо ғалаба аст ва агар дар амалиёти низомӣ минтақаҳои нав забт карда шавад, пас  терроризм  қудрати  таҳқирдиҳӣ, ангехтани тарс ва ваҳшоният дар тарафи муқобил аст.

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала, бояд донист, ки  кадом созмонҳои террористӣ вуҷуд доранд? Ҳоло якчандто  аз онҳоро номбар мекунем: Созмонҳои динӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, созмонҳои гуногуни террористӣ - ДИИШ, ТТЭ ҲНИ, “Ал-қоида”, “Ҳизб-ут-таҳрир” ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ки онҳоро ташкил ва ҷалб мекунанд. Мо бояд бо терроризм ҳамчун «падидаи таърихӣ» муносибат кунем, ки дорои хусусиятҳои хос ва инкишофи таърихии худ мебошад.

Ҳар як ҷанг ду ҳадаф дорад: стратегӣ ва тактикӣ. Стратегӣ – ҳадафи ягона, масалан, ғалабаи ҷанг, тағйири сохтори қудратӣ, тағйироти бозорҳои иқтисодӣ ва ғ. Тактикӣ - ин ҳадафҳои маҳаллӣ ё миёна, масалан, ба даст овардани шаҳр, гузаронидани амалиёт ё беэътибор намудани ҳукумати мавҷуда.

Айни замон вобаста ба амалҳои террористӣ вазъи ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ  на  фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ  ва ташкилоту  созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Воқеан,  имрӯз  бояд  қонунҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯи кор оянд, ки  меъёрҳои ягонаи мубориза бо терроризмро дар тамоми олам муайян намоянд. Танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд  бошад.

Бо вуҷуди ин дар қаламрави кишвар корҳоеро бояд ба анҷом расонид, ки он тавонад то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро  ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонад. Дар ин замина таъсис додани фазои ягонаи иттилотӣ бар зидди терроризм, ки дар он аз назари илмӣ шарҳу тавзеҳи  ҳақиқати терроризм, ки ба ҷомеа  зараровар  аст, инъикос ёбад. Ҷалби ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва таҳлилу баррасии пайваста дар байни ҷомеа оид  ба ташкилотҳои ифротӣ.

Фаъол намудани иштироки шаҳрвандон дар аксияҳои зиддитеррористӣ. Аз ҷумла баргузор намудани интернет-конфренсия  бо мақсади  баррасии масъалаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм. Дар мактабу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърӯзаҳои  илмӣ,  руйнамо “презентатсия” ташкил  намудани дарс ва вохӯриҳо, ки  дар натиҷа метавонад як фазои тафаккури зиддитеррористӣ дар байни ҷавонон пайдо шавад.

Таъсиси марказҳои  илмӣ-таҳқиқӣ оид ба омӯзиши равандҳои ҷомеа аз ҷумла масоили зиддитерроризм дар муассисаҳои олии таълимии кишвар, ки дар шароити имрӯза амалӣ шудани ин пешниҳод то андозае дар беҳдошти вазъият нақш хоҳад бозид.

Эҳсони Маҷид