Ташкилоти террористии наҳзатӣ як ҷузъи терроризми байналмилалӣ буда, аз тарафи созмонҳои ҷаҳонию кившарҳои дигар низ мамнуъ гардидааст. Албатта ин амал мантиқан дуруст ва ҷиҳати пешгирии терроризм муҳим аст.
Бо далелҳо сибит шудааст, ки ин созмон ҳануз аз солҳои навадуми асри гузашта сар карда, то мамнуъ эълон шуданаш дар Тоҷикистон фаъолияти душманонаю тахриботӣ мебурд. Муллоҳои иртиҷоии наҳзатӣ дар байни мардум таблиғоти ифротгароёна бурда, майнаи одамонро заҳролуд мекарданд. Дар ҷомеа ихтилофу нобоварӣ бармеангехтанд. Ҳамин тавр, дар солҳои навадум ин ташкилот бо аланга додани оташи ҷанги шаҳрвандӣ боиси фавти бештар аз саду панҷоҳ ҳазор одамон ва харобшавии иқтисоди кишвар шудааст.
Дар асл, ҷиноятҳои ин ташкилоти ифротии наҳзатӣ ҳисоб надоранд. Аммо яке аз ваҳшониятҳои он куштору террори беҳтарин фарзандони тоҷик, олимону сиёсатмадорон ва шахсони дигари маъруф, аз ҷумла хориҷиҳо мебошад. Роҳбарият ва аъзои ин созмон шумораи зиёди ашхоси саршинос ва чеҳраҳои огоҳу бедорро ваҳшиёна ба қатл мерасониданд.
Ҳамин тавр, 24-уми сентябри соли 1999 дастаи қотилони наҳзатӣ иборат аз Комилов Ф.И., Миров Т.М. ва Нарзуллоев М.Н. бо супориши бевоситаи роҳбари ин ташкилот ва бо маслиҳати пешакӣ ба манзили зисти сарвари ҷараёни динии «Баҳоия» дар Тоҷикистон - Абдулло Муқаррабӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ворид гардида, уро аввал бераҳмона лату кўб менамоянд ва дастонашро бо сим баста, бо истифода аз силоҳи оташфишон ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.
Айни завмон, ки чунин раванд ва аммалҳои номатлуби террористӣ ва экстремистӣ ба як хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар гўшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷеабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.
Танҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расонидашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.
Баъд аз ба даст омадани истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик мардум мавриди таҳоҷуми иттилоотии фарогири диниву мазҳабӣ қарор гирифтанд. Як қисми мардуме, ки шинохти зарурӣ аз дину мазҳаб надоштанд, мумкин буд ба ҳар самту равияе кашида шаванд. Ин ҳама амалҳои душманона ва муқоибили арзишҳои фарҳангию миллии тоҷикон дастуру фармонҳои роҳбарияти ин созмон буда, нишонаи бармалои душмании наҳзатиҳо бар миллату меҳани хеш аст.
Наҳзатиҳои террористу экстремист манфиати миллатро нодида гирифта, худро ҷойгузин ва намояндаи Худо муаррифӣ мекарданд. Бисёре аз шахистяҳои на танҳо марбут ба илму дониш ва фарҳангу маърифат, чун М.Осимӣ, О.Латифӣ, Ю.Исҳоқӣ, С.Афардӣ, М.Шерализода, М.Олимпур, М.Назаршоев, А.Раҳимов, Ҳ.Ҳайдаршо ва дигарон, балки рўҳониёни маъруфу саршиноси кишвар ва пайравону намояндагони дигар мазҳабҳои исломиро ваҳшиёна ва бераҳмона ба қатл расониданд. Инчунин яке кушторҳои даҳшатборе, ки террористони наҳзатӣ ба сомон расониданд, ин дар рўзи равшан ва дар маркази пойтахт ба қатл расонидани роҳбари зардуштиёни Тоҷикистон мебошад.
Мутаасифона, дар ҷомеаи мо аъзои гурўҳи даҳшатафкану ваҳшатангези наҳзатӣ ба амалҳое даст мезаданд, ки ваҳшиёни ёбоиву хунхор ҳеҷ гоҳ ин гуна рафторро раво намедиданд. Дар баробари ин қадар қатлу куштор ва ваҳшониятҳо боз нафаронеро несту нобуд мекарданд, ки дар дохили худи ислом барои рушду инкишоф ва пешрафти он саҳм гузоштан мехостанд. Тавре ки дар боло зикр кардем. яке аз чунин амалҳои даҳшатбор ва фалокатбори намояндагони ин созмон ба қатл расонидани роҳбари ҷараёни динии «Баҳоия» дар Тоҷикистон Абдулло Муқаррабӣ мебошад.
Бо куштани роҳбарони ҷараёни «Баҳоия» дар Тоҷикистон роҳбарият ва намояндагони ин созмон ба мардуми кишвар нишон доданӣ буданд, ки эшон ҳеҷ гуна афкору андешаи дигар ва ё ҷадидро қабул надоранд. Акнун, аз ин ҷо хулоса мебарояд, ки эшон пайрави динҳои дигарро ин гуна несту нобуд кардаанд, пас, онҳо ба дунявиён демократҳо ва равшанфикрону озодандешон чи гуна муносибат менамоянд? Ҳар нафари аз ин қатор ба дасташон афтодаро ба қатл мерасонанд.
Бинобар ин, муқовимат бо терроризм, аз ҷумла ба тамоми аъзоён, пайравон ва мубаллиѓони ин созмон яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеъона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин падидаи марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.
Ҳамин тавр, терроризм ба унвони як зуҳуроти номатлуб аз худ қурбониҳои зиёди инсонӣ ба бор оварда, арзишҳои моддию маънавӣ ва фарҳангиро хароб менамояд, ки дар тўли асрҳо наметавон онро барқарор сохт. Он дар байни гурўҳҳои иҷтимоӣ ва миллӣ бадбинию набоварӣ тавлид месозад.
К. Субҳонзода, муҳаққиқ


