Аз ҷумлаи хатарҳое, ки бақои давлатдории миллии Тоҷикистон, сулҳу субот ва арзишҳои миллии моро дар шароити имрӯза таҳдид мекунад, ин экстремизму терроризми ҳизби ифротии наҳзати ислом, сомонаҳо ва корбарони хунхори он “Азда.тв”, “Ислоҳ.нет”, “Паём.нет” ва дигарон мебошад. Таҳдидҳои ин зуҳуроти шум, номатлуб ва ин махлуқи наҳзатӣ болои ҷомеаи тоҷик дида мешавад. Вуҷуди афкори ҳаракати экстремистӣ-террористии наҳзат яке аз вирусҳое мебошад, ки дар ҷомеаи тоҷик нуҳуфтааст. Ва аз он ташкилотҳое, ки дар парокандани экстремизм дохили кишвари мо даст дорад, ин ташкилоти экстремистӣ-террористии наҳзати ислом мебошад. М. Садриддин ва М. Кабирӣ бо фиребу найранг ва суистифода аз арзишҳои эътиқодӣ талош меварзанд ҷомеаро ба сафи худ ҷалб намоянд. Ва барои расидан ба ин мақсадҳои шуму душманонаи хеш сомонаи сомонаҳои ғаразноки интернетӣ ташкил кардаанд.
Инак расонаи “Азда.тв”, ки минбари махсуси ифротикунонии ҷомеа аз тарафи ТТЭ ҲНИ мебошад, иттиҳомот ва дасисаи худро нисбат ба сиёсати хирадмандона ва мардумсолоронаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳавола сохтааст. Сардабари ин сомона М.Кабирӣ буда, сафсатаҳои худ ва ҳаммаслаконашро овози халқ, яъне эътирози мардуми Тоҷикистон унвон дода, тухми низоъ ва бебандубориро дар ҷомеаи мо мекорад. Бо ин шева талош менамояд мардумро мутмаъин созад, ки Ҳукумати Тоҷикистон ва Роҳбарияти Олии кишвар дар сиёсатгузориҳои худ “нотавон” ҳастанду мардум аз он “норизо”, вале дар асл чунин нест. Фаромӯш набояд кард, ки шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон ба мисли дигар давлату миллатҳо боло рафта истодаасту давлат ба мардум аҳамияти хоссае дорад.
Ифротгароӣ ва террорист будани наҳзатиҳо ва аз ҷумла М.Кабирӣ, М. Садриддин, Ш. Муҳаммад ва дигарон дар ҳоле равшантар гардид, ки ӯ давлатро нисбат ба мардум беэътино эълон кард. Дар ҳоле, ки барои давлат бойгарии асосӣ ин миллат асту ҳамеша дар маркази диққат қарор дорад. Ва ҳар муносибату талошҳои давлат баҳри пешрафт ва шукуфоии миллат ва кишвар асту бас.
Раҳмонова Б, таҳлилгар


