УСТОД РӮДАКӢ – САРЧАШМАИ НУР ДАР АДАБИЁТИ КЛАССИКИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

    Адабиёти форсӣ-тоҷикӣ яке аз бахшҳои муҳими тамаддуни башарист, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо шоҳасарҳои безавол офарида, дар ташаккули ҳувияти маънавии мардум нақши амиқ гузоштааст. Дар оғози ин роҳи пурнур ва пурифтихор, номи яке аз бузургтарин сухансароён бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Яке аз чунин чеҳраҳои мондагор, ки дар оғози ин роҳ устуворона по ниҳодааст, Устод Рӯдакӣ – поягузори адабиёти классикии форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Ӯ аввалин шахсияти адабӣ аст, ки забони форсии дариро ба сатҳи баланди адабӣ ва классикӣ расонд. Устод Рӯдакӣ бо маҳорати суханварӣ, назари фалсафавӣ ва завқи баланд пояҳои адабиёти миллиро гузошт ва роҳи адибони ояндаро ҳамвор сохт. Ӯ на танҳо аввалин сухансароест, ки забони форсии дариро ба сатҳи баланди адабӣ расонд, балки шахсияте буд, ки бо илму ҳунар, фалсафа ва муҳаббат ба зиндагӣ ва инсон осори ҷовид офарид.

Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон

Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

[Низомии Арӯзии Самарқандӣ]

Агар адабиёти тоҷикро бо як дарёи бузурги фарҳангӣ шабоҳат диҳем, Устод Рӯдакӣ бидуни шак сарчашмаи равшану нурбахши он хоҳад буд. Ӯ нахустин шоири забардастест, ки шеърро бо забони форсӣ-тоҷикӣ ба сатҳи ҳунарӣ ва адабии баланд расонид. Ин бузургмард на танҳо асосгузори сабки нав дар шеър буд, балки бо ҷаҳони андеша ва ғояҳои инсонпарваронаи худ таъсире азим бар кулли адабиёти шарқ гузошт.

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ.

Варо бузургию неъмат зи оли Сомон буд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тақрибан соли 858 милодӣ дар деҳаи Панҷрӯд (наздикии шаҳри Панҷакенти имрӯза) ба дунё омадааст. Ӯ дар муҳите ба камол расид, ки фарҳанг ва илму ҳунар рушд меёфт ва дарбори Самониён маркази муҳимми илмӣ ва адабӣ буд. Рӯдакӣ бо истеъдоди фавқулода ва нобиғаи худ тавонист бо овози ширину хониши дилписанд ва завқи баланд миёни шоирони дарбор мақоме вижа пайдо кунад.

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро сухани тилви нубист.

Номи ӯ чун хунёгар ва шоири дарбории амирони Сомонӣ, бахусус Насри дуввум вирди забон гардид. Муҳити дарбори Сомониён, ки дар он замон маркази эҳёи илму фарҳанг ва забони порсӣ буд, ба Рӯдакӣ имкон дод, ки истеъдоди худро ба таври комил рӯйи кор орад. Вай шеърашро ба воситаи мусиқӣ ва оҳанг ҷон мебахшид ва ин ҳунар боиси боз ҳам машҳуртар гаштани ӯ гардид.

Мақоми Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форсӣ-тоҷикӣ ҷойгоҳи беназир аст. Ӯ аввалин шоирест, ки ба таври густарда бо забони дарии форсӣ шеъри классикӣ навишт ва онро ба як сатҳи баланди адабӣ расонд. Пеш аз ӯ шеър бо забонҳои паҳлавӣ ва арабӣ бештар ривоҷ дошт, аммо маҳз Рӯдакӣ бо тавоноии хеш забони тоҷикиро забони шеър гардонд.

Рӯдакӣ аввалин касест, ки шеърро бо забони форсии дарии навиштааст ва дар асарҳояш онро ҳамчун василаи ифодаи фикр, эҳсос ва андешаи фалсафӣ истифода намудааст. Ӯ бо осори шево, забони содаву фасеҳ ва андешаҳои баланд на танҳо сабки шоириро асос гузошт, балки таъсири амиқ бар шоирони баъдӣ, аз қабили Фирдавсӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз гузошт.

Гарчи қисми зиёди осори Рӯдакӣ аз даст рафтааст, вале ҳамон андозаи боқимондаи шеърҳояш кофист, то аз қудрати сухан ва гӯёи андешаи инсонгароёнаи ӯ огоҳ шавем. Устод Рӯдакӣ шеърро на фақат василаи зебогӯӣ, балки абзори ахлоқсозӣ ва ҳикматофаринӣ медонист. Шеъри маъруфи "Бӯйи ҷӯи Мӯлиён" намунаи олии ишқ ба Ватан ва эҳсоси асили инсонӣ аст:

Бӯи ҷуй Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштиҳои он

Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун бо ҳама паҳноварӣ

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ!

Шоҳ сӯят меҳмон ояд ҳаме.

Шоҳ моҳ асту Бухоро осмон.

Моҳ сӯи осмон ояд ҳаме!

Шоҳ сарв асту Бухоро бӯстон.

Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме!

Осори Рӯдакӣ саршор аз ишқу муҳаббат, васфи табиат, андарз, ахлоқ, ҳаётдӯстӣ ва ҷаҳони маънавии инсон аст. Ӯ зиндагиро бо тамоми рангу таровати он тавсиф мекунад ва инсонро ба некӣ, меҳру муҳаббат ва ростгӯӣ даъват менамояд. Мавзуъҳои шеърҳояш баргирифта аз зиндагии воқеӣ буда, дили ҳар хонандаро ба худ тасхир менамояд. Эҷодиёти Рӯдакӣ танҳо шоирона нест – он дорои паёмҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва иҷтимоист. Ӯ бо назари худ ба зиндагӣ, бо даъвати дӯст доштани ҳаёт, неъматҳои он ва инсонгароияш як мутафаккири бузург буд. Шеъри ӯ баёнгари рӯҳи инсонӣ, зебоишиносӣ ва талош барои саодати маънавии башар аст.

Устод Рӯдакӣ на танҳо як шоир, балки поягузори мактаби адабии миллии мо аст. Ӯ заминаи рушду такомули минбаъдаи шеъри тоҷикро фароҳам овард ва роҳи адабиёти навбунёди форсии дариро ҳамвор сохт. Мероси маънавии ӯ имрӯз низ бароямон намунаи камолоти фикрӣ ва ҳунарӣ аст.

Дар Тоҷикистон имрӯзҳо бо эҳтироми хоса шахсияти ӯ ёд мешавад. Осорхонаи Рӯдакӣ, ҷашнҳои Рӯдакӣ ва номгузории мактабҳою кӯчаҳо ба номи ӯ далели равшани ҷойгоҳи баланди ӯ дар фарҳанги мо мебошанд.

Ҳамин тариқ Устод Рӯдакӣ оинаи равшани маърифат, ахлоқ ва ҳунар аст. Бо вуҷуди гузашти қарнҳо, нидои дилнишини ӯ ҳанӯз ҳам аз вартаи таърих ба гӯш мерасад ва қалбҳоро равшан месозад. Ӯ бо эҷодиёти безаволи худ исбот намуд, ки сухан метавонад абадӣ шавад ва аз замон бартарӣ ёбад.

Ба дурустӣ метавон гуфт, ки ҳар ҷое шеъри тоҷикӣ шукуфтааст, решаи он ба ниҳоли муқаддаси Рӯдакӣ мерасад. Ӯ на танҳо як шоир, балки рӯҳи зиндаи фарҳанги мост.

Файзуллоев Абдурозиқ Абдулҳакимович – номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара.