БУЗУРГОНИ ИЛМУ АДАБ ВА СИЁСАТ ДАР СИТОИШИ УСТОД РӮДАКӢ

    Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар тамоми гӯшаву канори кишвар 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шӯкуҳи хосса ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин санаи фархунда дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ доир ба рӯзгору осор ва саҳми беназири ин шоири шаҳир дар рушду инкишофи забон ва адабиёти тоҷику форс маҳфилҳои адабӣ баргузор мегардад. Дар воқеъ, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маъруфтарин шоир, маҳбубтарин суханвар ва аввалин ҷӯяндаи шеъри ноби тоҷикӣ буда, бо ашъори баландмазмуни худ қарнҳост, ки дар дилу дидаи мардум маърифатпарвар маскан гирифтааст. Ӯ аз шумори он шуароест, ки тамоми умри азизи хешро сарфи омӯхтану эҷод кардан намуда, барои имрӯзу ояндагон мероси арзишманде боқӣ гузоштааст. Истеъдоди воло ва маҳорати нотакрори устод ҷумла шуарову уламоро ба ваҷд оварда, ҳар кадоме дар васфаш суханҳои неку самимӣ баён кардаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳорати шоирии Рӯдакӣ баҳои баланд дода иброз медорад:

Тоҷикистон бо номи фарзандони бузурги водии Зарафшон-аз устод Рӯдакӣ сар карда то Туғрали ширисухан ва даҳҳо нафари дигаре, ки зодаи ин диёри шеъру адаб буда, барои баланд бардоштани ному мақоми тоҷикон хизмат кардаанд, ифтихор дорад.

Аз ҷумла, Низомии Арӯзии Самарқандӣ бо ифтихору эҳтиром гуфтааст:

Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист [1, саҳ. 11].

Шоири нимаи аввали асри 11 Манучеҳрии Домғонӣ як мисраи шери Рӯдакиро барои тақвияти фикри хеш барои дуо чунин иқтибос овардааст:

Ҷуз ин дуоят нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфтаст,

“Ҳазор сол бизӣ сад ҳазор сол бизӣ”.

Оре, қофиласолори адабиёти классики форсу тоҷик, суханвари мумтози Панҷрӯдӣ, устод Рӯдакӣ бо ашъори рангин ва панду ҳикмати дилнишинаш қалбҳоро кайҳост тасхир кардааст. Ҳамин аст, ки абёти моломол аз ҳикмату андарзаш баъди садсолаҳо аз ёду хотираҳо зудуда нашуда, балки то ба имрӯз чун шиори зиндагӣ раҳнамову раҳкушои мардум гастааст. Бузурге барҳақ фармудасст:

Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй,

Гул бирезад, нарезад аз вай бӯй.

Дар асараш “Калила ва Димна”, ки аз 12 ҳазор байт иборат аст, онро бо хоҳиши дӯсташ Балъамӣ ба риштаи назм мекашад, ки аз он ҳамагӣ 100 байт боқӣ мондааст:

Дар ишқ чу Рӯдакӣ шудам сер аз ҷон,

Ва аз гиряи хунин мижаам шуд марҷон,

Ал қисса, аз дасти азоби хиҷрон,

Дар оташи рашкам дигар аз дузахиён.

Дақиқӣ ҳамчун шоири ҳамасри устод Рӯдакӣ аст. Ӯро пешвои шоирон ва илму фан эътироф карда, менигорад:

Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,

Имоми фунуну суханвар бувад.

Дар хотираи матлаб чун дастгуле аз гулбоғи девони шоир чанд шоҳбайтеро пешкаши хонандагони азиз мегардонем ва умедворем, ки ин ҳикматҳои устоди воломақом дар пешрафти тарбияи ахлоқию маънавии онҳо нақши созгореро боқӣ хоҳад гузошт:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор.

***

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

***

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

***

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавони рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Рӯдакӣ аз наводири фалакӣ будааст ва дар зумраи аном аҷоиби айём....

Муҳаммад Авфии Бухороӣ

... Рӯдакӣ султони шоирон.

Маъруфии Балхӣ

Рӯдакӣ.... шоири ширингуфтор дар забони форсӣ, ки девони ӯ дар шаҳрҳои Аҷам ривоҷ дорад... Некӯсухан ва матингуфтор буд ва гӯянд нахустин касе, ки шеъри нек ба форсӣ гуфт.

Самъонӣ

Рӯдакӣ бе ҳеҷ шакку шубҳа устоди бузурги сухан буд. Ӯ инкишофи тамоми назми Осиёи Миёна ва Эронро дар тӯли асрҳо муайян сохта буд.

А.А.Семёнов

Тамоми касоне, ки пас аз Рӯдакӣ омадаанд, резахӯрӣ хони фасоҳат ва хӯшачини хирманӣ балоғати ӯ буданд.

Ҳ.Этҳе

Рӯдакӣ аввалин касест, ки шеъри форсиро аз қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ тадвин кардааст.

Садриддин Айнӣ

Дар ситоиши устод Рӯдакӣ на танҳо шоирони классик, балки шоирони муосири тоҷик низ андарзу нигоришҳои хешро софдилона ба қалам додааснд. Масалан Ғоиб Сафарзода нигоштасст:

Кишваре, ки Рӯдакиро зод ӯ,

Шеъри оламгир моро дод ӯ.

Ё ин, ки Бобо Ҳоҷӣ бо шеъри Рӯдакӣ ифтихор намуда, менависад:

Ман ба олам менамоям ифтихор,

Чунки ҳастам ҳаммакони Рӯдакӣ,

Хешро з-он мешуморам бахтиёр,

Мезанам гап бо забони Рӯдакӣ.

Мастон Шералӣ ишора менамояд:

Мурғи чаман ин саҳар дигар мехонад,

Ширинтару созу пур асар мехонад,

Имрӯз ба маҷлиси арусони чаман,

Аз дафтари магар мехонад.

Лоиқи бузургвор ҳамчун вориси арзанда ва ҳамдиёри устод Рӯдакӣ дар шеъру дубайтҳояш менигорад:

Ҳар чашм, ки назора кунад ҷӯёнест,

Ҳар роҳбари савор роҳпаймо нест,

Ҳар ланг нашуд ҷаҳонситон чун Темур,

Ҳар кӯр ба мисли Рӯдакӣ бино нест.

Саидҷон Ҳакимзода дар шеъри худ устод Рӯдакиро орифона ба қалам додааст:

Резасанги кӯҳсорон шуд каломи Рӯдакӣ,

Сабз шуд ҳар чӯби хушки зери боми Рӯдакӣ,

Гар чӣ пеш аз Рӯдакӣ ҳам буд шеъру шоирӣ,

Шоири соҳибқирони зот моми Рӯдакӣ.

Шаҳрия шоираи бисёр ширинкаломи мо низ дар шеъраш эҷодгарони имрӯзаро ҳамчун давоми ашъори безаволи Рӯдакӣ эътироф намудааст:

Ҳар саҳар лаб во кунам бо саломи Рӯдакӣ,

Хандаи хуршедро бинам зи боми Рӯдакӣ,

Ҷоми Ҷамшедам агар бишкасту чун афсона монд,

Тарҳи оламро бибинам ман зи ҷоми Рӯдакӣ.

Ҳамин тавр ашъори бузурги устоди сухан, соҳибқирон, султони шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар дилу дидаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва дигар халқу миллатҳо ҳамчун хазинаи илму адаб ва ахлоқу одамгарӣ нақш баста, ҳар яки мо бахусус ҷавонону наврасонро мебояд, ки аз ин ашъори пурғановати шоир як ҷаҳон баҳра бурда, дар зиндагӣ баҳраманд гарданд. Мақоларо бо ин порчаи шеъри Ҳақназар Ғоиб ҳусни анҷом мебахшем:

Гар чӣ Ҳулбук гӯяд аз вайронии девори мо,

Лек Авесто аз подории осори мо,

Рӯдакӣ гӯяд зи табъу рӯҳи оташбори мо,

Дар паноҳи шоҳдевори бузургон зиндаем.

Адабиёт

1.Эмомалӣ Раҳмон. Истиқлолият ва эҳёи миллат. Ҷ-10.

2.Абдунабӣ Сатторзода. Аз Рӯдакӣ то Лоиқ. Душанбе-2013.

3.Рӯдакӣ дар шеъри муосири тоҷик. Душанбе. “Деваштич”-2008.

4.Рӯдакӣ, Абӯабдуллоҳ. Ашъор / Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ // Ахтарони адаб. – Ҷилди 1. – Душанбе: Адиб. – 2007. – 416 саҳ.

5.Рӯдакӣ. Шеърҳо. Душанбе: Ирфон. – 1973. – 221 саҳ.

6.Маҳмадшо Маҳмадшоев.Тазкираи шоирони Зарафшон. Душанбе-2010.

7.Ҷомӣ, Абдураҳмон. Баҳористон / Абдураҳмони Ҷомӣ // Осор. – Ҷилди ҳафтум. – Душанбе: Адиб. – 1989. – 542 саҳ.

Асомиддин Азизов – муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара.