Истиқлол бузургтарин дастовард барои ҳар як миллат мебошад. Чун танҳо давлати соҳибистиқлол метавонад, орзуву ормонҳои аҷдодони худро дар амал пиёда намуда, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, фарҳангу забону дигар арзишҳои миллии худро ривоҷу равнақ дода, ба дараҷаи зарурӣ пешрафту тарақӣ намояд. Аз ин нуқтаи назар истиқлоли давлатӣ аз як тараф озодии миллат аз асорати дигарону, соҳиби ихтиёр будан бошад, аз тарафи дигар он омили асосии саодати миллат, ташаккули ҳуввияти миллӣ ва рушди миллат дар арсаи байналмилалӣ мегардад.
Тоҷикистон бо вуҷуди доштани таъриху тамаддуни чанд ҳазорсола, бунёди империяҳо ва давлатҳои хурду бузург ва аз ҳама муҳим доштани таҷрибаи бойи давлатдориву давлатсозӣ, шаҳрдориву шаҳрсозӣ баъди шикасти давлати абарқудрати Сомониён ҳукумати миллӣ ва давлатдории миллии тоҷикон рӯ ба инқироз овард. Хушбахтона бо кору пайкор ва иродаи истиқлолхоҳии фарзандони фарзонаи миллат, баъд аз ҳазор соли бе ҳокимиятӣ тоҷикон дубора соҳиби истиқлол, давлати миллӣ, фарҳангу арзишҳои миллӣ гардида, имрӯзҳо истиқлоли Тоҷикистонро зиёда аз 190 давлати ҷаҳон ба расмият мешиносанд ва Тоҷикистнро ҳамчун кишвари ташаббускор эҳтирому қадр менамоянд. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад. Бо ифтихор метавон гуфт, ки соҳиби давлати мустақил будан шарафи бузург аст”.
Боиси зикри хос аст, ки барои Тоҷикистон ба даст овардани Истиқлол оғози як марҳилаи муҳими таърихӣ буд. Марҳилае, ки кишвар дар баробари бунёди давлатдории миллӣ, ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, аз як кишвари ақибмонда ба як давлати рушдкарда, таъсиргузор ва соҳибэҳтиром дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳаёти иҷтимоии кишвар тадриҷан тағйир ёфт. Соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ, маориф, тандурӯстӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар соҳаҳо тадриҷан ба пешрафту тарақиёт ноил гардидаанд. Дар ин давра дар гӯшаҳои гуногуни кишвар мактабҳо, беморхонаҳо, марказҳои тиббӣ, муассисаҳои фарҳангӣ ва иншооти варзишӣ сохта шуданд.
Қайд намудан зарур аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба соҳаи иҷтимоӣ ва махсусан маориф таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, рушди бомароми онро дар авлавияти сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Чуноне, ки маълум аст маблағгузорӣ ба ин соҳаи муҳим сол ба сол зиёд мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ (31.08.2026) иброз доштанд: “Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст.
Зеро мо хуб дарк мекунем, ки сармоягузорӣ ба таълиму тарбияи кӯдакону наврасон – сармоягузорӣ ба ояндаи миллат ва давлат аст.
Аз ин лиҳоз, дар давраи соҳибистиқлолӣ ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад”.
Бунёди муассисаҳои соҳаи маориф ва илм дар даврони истиқлолияти давлатӣ яке аз ҳадафҳои асосӣ ва меҳварии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар даврони Истиқлолият теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои олии таълимӣ бо шароитҳои зарурии муосир сол ба сол афзуда истодааст. Агар соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 51 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 213 ҳазор нафар расидааст.
Ҳоло дар кишвар 66 муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо беш аз 28 ҳазор нафар хонанда, аз ҷумла қариб 8 ҳазор нафар духтарон таҳсил мекунанд, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 ҳазору 500 донишҷӯ фаъолият доранд. Илова бар ин, дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд. Имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлолият новобаста ба вазъи мураккаби ҷомеа соҳаи маорифи кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.
Ҳамчунин бо мақсади омода ва тайёр намудани кадрҳои болаёқати ҷавобгӯ ба талаботи замон, ҷалб намудани ҷавонон ба таҳсил Квотаи Президентӣ таъсис дода шуда, ҷавонони лаёқатманд аз тамоми деҳаҳои дурдасти манотиқи кишвар ба таҳсил ҷалб карда шудаанд.
Ғайр аз ин тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон” ҷавонони лаёқатманд барои идома додани таҳсил аз рӯйи ихтисосҳои гуногун ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Бо мақсади ташаккули сатҳи тафаккури илмии наврасону ҷавон, худшиносиву худогоҳӣ, онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷалб карда мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои истиқлолияти давлатӣ мақому манзалати устоду олим хеле боло рафт. Ин ҳама аз ғамхориҳои Раҳбари давлат ва боварию эътимод ба кормандони соҳа дарак медиҳанд. Соли 2025 тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” таҳия гардида, ба тавсиб расид, ки дар асоси он шаъну шараф, дахлнопазирии касбии фаъолият, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва кафолатҳои касбии омӯзгор ҳимоя карда мешавад.
Солҳои истиқлол барои соҳаи тандурустӣ низ давраи тағйирот буданд. Дар кишвар муассисаҳои нави тиббӣ бунёд ва баъзе беморхонаю марказҳои тиббӣ таҷдид шуданд. Ба ворид намудани таҷҳизоти муосир, омодасозии мутахассисон ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ таваҷҷуҳ зиёд гардид.
Имрӯз дар баробари муассисаҳои калони тиббӣ, дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои хизматрасонии тиббӣ фаъолият намуда, ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонанд. Бояд зикр намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат садҳо бунгоҳҳои тиббӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва се донишгоҳи олии тиббӣ сохта ба истифода дода шудааст, ки дар рушди соҳаи тандурӯстӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ саҳм мегузоранд. Ҳамзамон дар дурдасттарин деҳоти кишвар ҳоло муассисаҳои тиббӣ фаъолият намуда, ба шаҳрвандон хизмати тиббӣ мерасонанд.
Ҷавонон қисми бузурги ҷомеаи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ки 70 % аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд, имрӯзҳо барои таҳсил, касбомӯзӣ ва кору фаъолият тамоми шароит фароҳам оварда шуда, дар соҳаи маориф, илм, тандурӯстӣ, варзиш, фарҳанг, идоракунии давлатӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи мамлакат кору фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, масъалаи таҳсил, шуғл, рушди қобилият ва иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти махсус дорад.
Дар даврони истиқлол барои ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, рушди варзиш, илм, технология ва соҳибкорӣ имкониятҳои нав пайдо шуданд. Маҳз ҷавонони имрӯз бояд ҷомеаи фардоро созанд. Аз ин рӯ, дастгирии онҳо танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти тамоми ҷомеа мебошад.
Ҳамин тариқ, бо таваҷҷӯҳ ба соҳаи иҷтимоӣ дар мамлакат рушди тамоми соҳаи иҷтимоӣ таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ба маротиб хубтару беҳтар гардидааст. Аз ҳисоботҳотҳои оморӣ равшан аст, ки камбизоатӣ агар дар солҳои 90 ум 86% бошад ин рақам дар соли 2026 ба 19% расонида шудааст, ки аз бузургтарин дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ маҳсуб мегардад.
Олимзода Р.А., н.и.к., дотсент – муовини ректор оид ба илми Донишгоҳи давлатии Данғара


