“Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки номаи тақдирашро бо дастони худ эҷод карда, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хоссаи худро пайдо намудааст”. Эмомалӣ Раҳмон
Халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар сиву панҷ соли соҳибистиқлолии хеш ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, саноатикунонии босуръат, иқтисоди рақамӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, бунёду ва кор додани нерӯгоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибихтиёрӣ ҳисси милливу ватандории мардуми тоҷик торафт баланд шуда, ин омили муҳим хурду бузурги Тоҷикистонро ба ҳифзи истиқлолият ва дастовардҳои он, ободии Ватан ва пешрафта гардонидани давлат нерӯ мебахшад.
Дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Данғара низ дар замони истиқлоли давлатӣ бо ибтикору иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ инчунин заҳматҳои мардумӣ меҳнатқаринаш сол ба сол рушду инкишоф ёфта, имрӯз симои асосии хешро дигаргун намудааст.
Ноҳияи Данғара 8 июли соли 1932 ташкил ёфтааст. Калимаи Данғара аз ду ҳисса иборат аст. “Дан – об ва ғара – кӯҳ буда истилоҳан обшорони зеркӯҳҳои талу теппа ва дашту даманро ифода мекунад”. Дар луғату сарчашмаҳо тафсиру маънидоди “Данғара” зиёданд. Чунин ривоят ҳаст, ки номи “Данғара” аз ихтисору тағйири калимаҳои “дон” ва “ғарам” ба амал омадааст, ки маънояш “ғарами дон”- яъне маънои “ғарами дони гандум”-ро дорад. Шояд дар ин ривоят низ ҳақиқат вуҷуд дошта бошад.
Данғара дар қисми нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Вахш ҷойгир буда, аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 102 км то шаҳри Кӯлоб 88 км ва то шаҳри Бохтар 78 км масофаро дар бар мегирад.
Ноҳияи Данғара аз як ҷамоати шаҳрак ва 8 ҷамоати деҳот иборат мебошад. Дар тӯли 35 соли Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019-2021) ва солҳои рушди саноат (2022-2026) дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар маҷмуъ зиёда аз 400 иншоотҳои маъданиву маърифатӣ ва саноатию хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳамаи ин баҳри рушди инфрасохтори деҳот нақши муҳим гузошта истодаанд.
Ноҳияи Данғара тобеи вилояти Хатлон буда, дар маркази мамлакат дар байни 38 дараҷаю 08 дақиқа арзи шимолӣ ва 69 дараҷаю 17 дақиқа тули шарқӣ ҷойгир шудааст. Масоҳати ноҳия 2,1 ҳазор км2 буда, аҳолиаш 187,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад ва марказаш шаҳраки Данғара мебошад.
Ноҳияи Данғара дар шимол бо шаҳри Норак, дар шарқ бо ноҳияҳои Темурмалику Восеъ, дар ғарб бо ноҳияҳои Ёвон, А.Ҷомӣ ва шаҳри Левакант, дар ҷанубу ғарб бо ноҳияҳои Кушониёну Вахш ва Фархор ҳамсарҳад мебошад.
Дар давоми 35 соли истиқлоли давлатӣ дар тамоми мавзеҳои ноҳия бештар аз 600 иншоотҳои ҳаётан муҳим сохта ба истифода дода шудаанд, ки онҳо барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва бо ин васила ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ мусоидат хоҳанд намуд.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 шаҳраку деҳаҳои ноҳияи Данғара чун дигар мавзеҳои кишвар тадриҷан рушду инкишоф ёфта, симои аслии хешро зеботар ва дигаргун намуда истодаанд. Данғара яке аз ноҳияҳои зебоманзари доманфарох буда, таърихи дуру дарози бостонӣ дорад. Бозёфтҳои нави таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Данғара низ чун Панҷакент, Ҳулбук, Ҳисор, Истаравшан, Кӯлоб ва дигар мавзеҳои таърихӣ ҳамчун диёри куҳанбунёду чандҳазорсола маҳсуб меёбад ва дар замони Хахоманишиён шаҳри зеботарин ва ободтарини Хатлон будааст. Хушбахтона имрӯз бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои Пешвои миллат мардуми ноҳия бо ҷалби соҳибкорон баҳри ба яке аз гӯшаҳои зебоманзари диёр табдил додани он дастаҷамъона заҳмат кашида истодаанд.
Сохтмони як қатор иншоотҳои нави замонавӣ ба монандӣ Хушагандум, тарабхонаи Хуррамшаҳр, Қасри фарҳанг, Маҷмааи варзишӣ, биноҳои замонавии серошёнаи ҲХДТ, Суди ноҳия, Кумитаи заминсозӣ, ҳифзи муҳити зист, Нозироти андоз, Идораи Тоҷикстандарт дар ноҳия, шуъбаи маориф, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, корхонаҳои саноатии Ҷунтай Син Силу Текстил Данғара, Мармарӣ, Шири Данғара, Шири Хуррамзамин, Фарматекс ва даҳҳо мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кудакистонҳо идомаи навсозиҳо ва далели пешравии соҳоҳаи мухталифи хоҷагии халқи ноҳия мебошад.
Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот ва ҳунарҳои мардумӣ деҳаҳои ноҳия низ тадриҷан бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони бо нангу номуси ватан, инчунин заҳмати меҳнаткашони диёр ободу зебо гардида, дар ҳамаи 90 деҳаи ноҳия иншоотҳои ҳаётан муҳим аз он ҷумла, роҳҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, майдонҳои варзишӣ, ҳамом, чароғонкунии деҳаҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, Парчаму нишони миллӣ ва дигар иншоотҳои маданиву маърифатӣ ва фарҳангӣ ба монанди боғчаҳои кӯдакона бо майлон идома дорад. Инро мо дар бунёду азнавсозии як қатор иншоотҳои ҳаётан муҳим бахусус дар деҳаҳои Пушинг, Ғарғара, Хуррамзамин, Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Рахшонзамин, Талхоб, Қули Суфиён, Сангтуда, Навобод, Сафедоб, Тоҷмаҳал, Булёни Поён, Файзбахш, Данғараи Боло, Раҳмониён ва дигар деҳаҳои ноҳия бараъло мушоҳида менамоем.
Дар маҷмуъ тибқи маълумотҳои оморӣ то соли 2026 шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ба зиёда аз 70 адад расонида шудаанд, ки онҳо дар маҷмӯъ 80 намуди маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол менамоянд.
Боиси хушдист, ки дар ҳар як сафари расмии Пешвои муаззами миллат дар ноҳияи Данғара даҳҳо иншоотҳои гуногуни саноатӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, роҳу купрукҳо ва дигар иншоотҳои ҳаётан муҳим мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, мардум дастаҷамъона аз ин иқдомҳои неки сарвари хеш бисёр шоду хурсанд мешаванд. Ҳамин тавр, ноҳияи Данғара дар замони 35 соли истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат ва заҳматҳои ҳамарӯзаи мардуми меҳнаткаш рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз мавзеҳои тараққикардаи саноативу аграрӣ ва диёри диданибоби сайёҳиву фарҳангӣ табдил ёфтааст.
Азизов Асомуддин Ҷабборович – муҳаррири шуъбаи табъу нашри Донишгоҳи давлатии Данғара


