Мардуми шуҳратманди кишвари азизи мо дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Истиқлол барои мардуми тоҷик яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба шумор меравад. Он дастоварди бузурги таърихиест, ки дар натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси кишвар ба хотири эҳёи давлатдории миллӣ ба даст омадааст.
Ҳар як давраи таърихӣ дар сарнавишти миллату халқҳо нақши муҳим дошта, ба раванди ташаккул ва рушди онҳо таъсири амиқ мерасонад. Барои миллати тоҷик Истиқлоли давлатӣ оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ мебошад.
9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди бузурги таърихӣ оғози марҳилаи нави давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон саҳифаи нави таърихро боз намуд. Дар солҳои аввали истиқлол кишвар бо мушкилоти зиёди сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар чунин шароити тақдирсоз роҳбарияти давлат барои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар тадбирҳои муҳимро андешид. Яке аз воситаҳои муҳимарин ин тахкими ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии сиёсии идоракунии он ва бунёди даввлати муосири тоҷикон ба шумор меравад. Дар ин иҷлосия қабули санадҳои ҳуқуқӣ аз қабили “Дар бораи тасдиқи Низомномаи парчами двлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гувоҳи онанд, ки ташаккули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баъд аз Эъломияи соҳибистиқлолӣ (аз 24 августи соли 1990) ба марҳилаи нав шомил гардид.
Қобил ба зикр аст, ки истиқлол барои ҳар як миллат, пеш аз ҳама, нишони бақо, рамзи асолату ҳувият ва таҷассуми ормонҳои таърихӣ мебошад. Соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ будан нишонаи соҳибистиқлолии давлат ва соҳибихтиёрии миллат аст. Мо бояд аз чунин дастоварди бузурги миллӣ ифтихор дошта бошем, зеро соҳиби давлати мустақил будан ва ихтиёри давлатдориро дар дасти худ гирифтан падидаи нодир ва сарнавиштсоз мебошад.
Бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ҳифз гардидани давлатдории миллии тоҷикон ва фароҳам омадани имконияти рушди мустақилонаи кишвар мебошад. Истиқлол ба мардуми тоҷик имкон дод, ки роҳи рушди давлатдории худро интихоб намуда, барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ заминаҳои заруриро фароҳам созад.
Бо талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кард ва ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, пазируфта шуд. Имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дорад. Ин далели он аст, ки миллате, ки тақдири давлату сарзамини худро ба дасти худ дорад, метавонад ояндаи худро бо иродаи хеш муайян созад. “Соҳибистиқлолӣ насиби ҳар як халқ намегардад”- борҳо таъкид мекунанд Пешвои муаззами миллат. Ба даст овардан ва ҳифз намудани истиқлолият аз ҳар як фарди ҷомеа бедориву ҳушёрӣ, эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ, фаъолияти содиқона ва саъю кӯшиши доимиро талаб менамояд”.
Имрӯз зарур аст, ки истиқлол дар радифи мафҳумҳои Ватан, миллат ва ваҳдат ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ дар шуури ҳар як фарди кишвар ҷойгоҳи устувор дошта бошад. Ҳифзи Истиқлоли давлатӣ танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз барои насли наврасу ҷавони кишвар марҳалаи тиллоии рушд, худшиносӣ ва кашфи имкониятҳои нав гардид. Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати мо таҳти роҳбарии хирадмандонои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сарнавишти таърихии моро дигаргун сохт, балки ба ҷавонон болҳои парвоз ба сӯи қуллаҳои илму маърифати ҷаҳониро ато намуд. Дар ин раванд тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ, анъанаҳои неки ниёгон, ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ аҳамияти махсус дошта, аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Яке аз роҳҳои асосии таҳкими давлату давлатдории миллӣ ташаккули тафаккури миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҷавонон ва рушди илму маориф мебошад. Ҷомеа аз муассисаҳои таҳсилотӣ насли донишманд, ватандӯст, соҳибмаърифат ва дорои тафаккури созандаро интизор аст. Пас имрӯз зарур аст, ки истиқлолият дар радифи мафҳумҳои Ватан, миллат ва ваҳдат ҳамчун арзиши муқаддаси миллӣ дар шуури ҳар як фарди кишвар ҷойгоҳи устувор дошта бошад.
Имрӯз, дар асри технологияҳои муосир ва ҷаҳонишавӣ, шиори «Аз Истиқлоли ватан то фатҳи ҷаҳон!» ба як ҳақиқати инкорнопазир ва роҳнамои зиндагии насли нави тоҷик мубаддал гаштааст. Ин шиор ифодакунандаи он аст, ки ҷавонони тоҷик бо такя ба заминаҳои мустаҳками озодии кишвар, бо касби илму дониш ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забони англисӣ, омода аст ҷаҳонро фатҳ кунад ва номи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад. Маҳз имрӯз, дар замони истиқлолият, вобаста ба рушди иқтисод ва фарҳанги миллӣ талабот ба мутахассиси забони англисӣ бештар гашта истодааст, зеро забони англисӣ роҳро ба сӯйи уфуқҳои нави дониш, иттилоот дар ҳамаи соҳаҳо, ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ ва фарҳангӣ боз намуда, омӯзандагонро бо таърих, фарҳанг, урфу одат ва анъанаҳои мардумони дигари дунё шинос намуда, дар тарбияи маънавӣ, худшиносии миллӣ, омӯзиши фарҳангу таърихи миллати худ мусоидат мекунад ва муоширати байналмиллалиро таъмин менамояд. Нуқтаи муҳимтарин дар ин раванд он аст, ки омӯзиши забони хориҷӣ набояд боис ба фаромӯш кардани забони модарӣ ва маҳви фарҳанги миллӣ гардад. Баръакс, ватандӯстии ҳақиқии ҷавонои муосир бояд дар он зоҳир гардад, ки онҳо бо қалби тоҷикона ва зеҳнияти глобалӣ ба пеш ҳаракат кунанд. Дар ин росто ҷавонону наврасони мо бояд арзишҳои миллии худро ба ҷаҳониён бо забони модарӣ фаҳмонанд, таҷрибаи пешқадами илмии дунёро ба Тоҷикистон ворид намуда, барои ободии ватан истифода кунанд, дар рақобати шадиди ҷаҳонишавӣ миллати худро ҳамеша дар сафи пеш нигоҳ доранд.
Имрӯз истиқлоли миллии мо ба 35 сол расидааст. Агарчи ин муддат барои таърих на он қадар муҳлати тӯлонӣ бошад ҳам, вале дастовард ва муваффақиятҳое ба даст омаданд, ки кишвари моро ба сӯйи муваффақиятҳо ва дастовардҳои бузург раҳнамоӣ менамоянд. Бузургтарин дастоварди даврони истиқлолият ин аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии мо тоҷикон мебошад. Пас, имрӯз муҳимтарин вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳифзу таҳкими истиқлолияти миллӣ мебошад. Ҳифзи истиқлолият ҳифзи асолат, ҳувият, расму оин, арзишҳои фарҳангӣ, забони модарӣ ва таърихи пурифтихори миллат аст.
Истиқлолияти миллӣ бузургтарин дастоварди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Мо бояд бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва имкониятҳои созандагӣ барои таҳкими давлатдории миллӣ ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузорем.
Бигузор Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди кишвар бахту саодат, осоиш ва сулҳу суботи ҳамешагӣ оварад.
Поянда бод Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!
Ҷовидон бод Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо!!!
Зикруллоҳзода Фарҳод Зикруллоҳ – н.и.ф., дотсент, декани факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара


